Қайд кардан ба маврид аст, ки ягона роҳи мудохила ба ҳаёти сиёсӣ дар ҷомеаи демократӣ ин ба тариқи раъйдиҳии умумимиллӣ мебошад, ки ҷомеаи кишвар озодона аз ин ҳуқуқашон истифода менамоянд, ва дар ин марҳала аллакай дониши сиёсии мардум низ боло рафтааст ва сокинон бо шукргузори аз фазои ободу ороми кишвар ва дар партави сиёсатҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо рӯҳия тоза ва завқи баланд ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат мекунанд.
Субҳи имрӯз соати 6:00 пас аз садо додани Суруди миллӣ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон марҳалаи овоздиҳӣ ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сараввал ректори донишкада муҳтарам Фозилзода М.М аввалин интихобкунандагонро барои ширкат дар маъракаи муҳими сиёсӣ табрик гуфта, барояшон гулҳо ва туҳфаҳо тақдим намуданд. Сипас ҷараёни овоздиҳӣ бо ширкати нозирон бомаром идома пайдо кард.