ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода, муовини аввали ректор профессор Замониддин Насриддинов, муовини ректор оид ба корҳои тарбия профессор Мавлудахон Аминҷонова ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Ҷаласаро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дастовардҳои соли 2024, ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва аҳли маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, тарбия ва омода намудани омӯзгорони ҷавон суханронӣ кард.
Сипас, раиси КИ ҲХДТ Миршакар Ҷалолзода суханронӣ намуда, саҳми ҳайати профессорию омӯзгории донишкадаро дар пешбурди фаъолияти кумитаи иҷроия баланд арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки мо ифтихор менамоем, дар сафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон чунин олимону равшанфикрон ҳастанд ва мо умед дорем, ки Шумо дар саноатикунонии мамлакатамон саҳми бориз мегузоред.
Баъдан, ҳисоботи раёсати таълим аз ҷониби муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин шунида шуд. Таъкид карда шуд, ки назар ба соли гузашта нишондиҳандаи сифати таҳсилот баланд гардида, дар соли 2024 зиёда аз 420 маротиба дарсҳои кушод гузаронида шуд ва 20 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаштанд.
Баъдан, ҳисоботи сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза шунида шуд. Мавсуф таъкид намуд, ки аз ҷониби омӯзгорон зиёда аз 417 мақолаи илмӣ ба табъ расонида шуд.
Баъдан, ҳисоботи раёсати тарбия аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ профессор Аминҷонова Мавлудахон шунида шуд.
Зимни шунидани ҳисобот аз раёсат, шуъбаву сохторҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҳар як сардори бахш, шуъба, мудири кафедра ҳолати кор, камбудиҳоро пурсида, изҳор доштанд, ки ҳар мушкиле доред ба ман муроҷиат намоед, ман дар хидмати Шумо ҳастам!
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар соли 2024 изҳори миннатдорӣ баён намуд.