Санаи 16.01.2021 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти яксолаи донишкада сурат гирифт, ки дар он ҳайати роҳбарикунанда ва тамоми омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд. Ҷаласаро нахуст ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки дар партави сиёсатҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишкада хеле рушд намуда, барои омода намудани мутахассисони ватанӣ дар соҳаи саноат имрӯз саҳми хешро мегузорад, ки ин ҳам масъулияти баланд мебошад…
Сипас, суханро барои қироати ҳисоботи солона ба муовини ректор оид ба таълим Қозиев К.С. доданд.
Қозиев К.С. аз дастовардҳо ва дигар пешрафту фаъолияти яксолаи донишкада дар бахшҳои таълиму тарбия ва дигар ҷанбаҳои таълимӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки назар ба соли қаблӣ барномаи компютеркунонии донишкада хеле беҳтар гардидааст.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ илова намуданд, ки шароитҳо минбаъд барои дарсомӯзии донишҷӯён беҳтар карда мешавад ва ҳамаи аудиторияҳо дар фурсатҳои наздик бо тахтаҳои синфии электронӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон, илова намуданд, ки вазифаи мо ин фақат ном гирифтан аз чаҳор ё панҷ аълохон набуда, балки кӯшиш мекунем, то он донишҷӯёни донишашон дар сатҳи миёнаро низ тарбия намоем, ки дар баробари донишҷӯёни фаъол заҳмат кашида соҳаро аз худ намоянд. Мо, бояд талош кунем, ки савияи дониши донишҷӯён зина ба зина боло бурда шавад ва донишҷӯро бо як чашм бинем ва ҳаргиз аз рӯйи савия дониш ҷудо насозем, чунки ин раванд ба шаклгирии мафкураи донишҷӯ халал ворид месозад. Қайд карда шуд, ки минбаъд барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён бояд ҳамкориҳои кафедраҳо бо тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад, то мутахассиси хуб омода гардад.
Сипас, ҷиҳати муаррифии дастовардҳои илмии донишкада дар давоми сол муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов З.З. баромад намуда, дар назди ҳозирин дастовардҳо ва имкониятҳои омӯзгоронро дар бахши илм ва ҳамчунин аз ҳамкориҳои байналмиллалӣ ёдовар шуданд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор намуданд, ки корҳои илмӣ бояд, ки ба самти истеҳсолот равона карда шуда бошад ва ҳамчунин аз таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ дар назди донишкада хабар доданд, ки бояд омӯзгороне, ки пажӯҳиши илмӣ мегузаронанд, бигзор дар назди ҳамин Шӯро рисолаҳои илмии хешро дифоъ намоянд. Ҳамчунин, роҳбари муҳтарами донишкада пешниҳод карданд, ки ҳамкории илмии ҳайати профессорию омӯзгории донишкада бо маҷаллаҳои илмии байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М.С. суханронӣ намуда, фаъолияти яксолаи бахши тарбияро ба ҳозирин дар шакли фишурда ва нақшаҳои минбаъда изҳор доштанд.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар идома, илова намуданд, ки минбаъд барои пурзӯр намудани самти тарбия чораҳои зарурӣ бояд андешида шавад ва корҳои зиёде барои тарбия намудани насли ҷавон равона гардад. Аз ҷумла, таъкид доштанд, ки ҳар рӯз корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён гузаронида шавад ва пеш аз ҳама одобу рафтори донишҷӯён бояд назорат карда шавад ва он донишҷӯёни бадахлоқ бояд, ки тарбия карда шаванд, зеро вазифаи мо тарбия намудани мутахассиси баркамол мебошад. Дар ҷаласаи мазкур аз фаъолияти муовинони декан оид ба тарбия эрод гирифта шуд ва дар навбати аввал ба ҳамаи кормандони самти тарбия вазифагузориҳо аз ҷониби роҳбарияти донишкада сурат гирифт, ки минбаъд шурӯъ аз сару либоси намунавӣ то одобу рафтори донишҷӯ ҳатмӣ омӯхта мешавад.
Барои ҷамъбасти фаъолияти солонаи хоҷагидорӣ дар соли тақвимӣ сардори қисми хоҷагидорӣ Ҷабборов Абдумуҳаммад баромад намуда, оид ба корҳои анҷом додашуда ва нақшаҳои минбаъда, барои таҷдиду азнавсозӣ ва ҳамчунин ташкили омӯзишгоҳҳо дар донишкада муфассал ҳисобот дод.
Инчунин, дар ҷаласаи имрӯза сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо Муминова Дилором баромад намуда, фармони ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалиро дар бораи сохтори нави донишкад қироат намуд, ки тибқи иттилои ӯ минбаъд дар донишкада чанд раёсат ва шуъбаву бахшҳо бавуҷуд омаданд.
Сипас ду нафар омӯзгорони собиқадори донишкада профессор Юнусов Музаффар ва дотсент Ҷалолов Амирҷон баромад намуда, фаъолияти донишкадаро қаноатбахш арзёбӣ намуданду аз тасмиму талошҳои ректори тозаинтихоби донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳори хушнудӣ карданд.
Дар рафти ҷаласа як қатор пешниҳодҳо аз ҷониби омӯзгорону кормандон сурат гирифт, ки ҳамааш тибқи қонунгузорӣ ва нақшагирии фаъолият дида шуд. Аз ҷониби кормандону ҳайати профессорию омӯзгории донишкада фаъолияти яксола қаноатбахш ҳисобида шуд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар интиҳо суханронӣ намуда, аз таъсиси факултети нав бо номи иқтисодиёти саноатӣ ва дигар раёсату шуъбаҳо хабар дода, ҳамаи кормандонро барои фаъолияти пурсамар ва барои пешрафти кишвари азизамон даъват намуданд. Илова намуданд, ки ҳама ҷидду ҷаҳдамонро равона месозем, то 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои беназир ва бо сари баланд пешвоз гирем.
М. Сайидзода