Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони донишкада ҷиҳати ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа ва натиҷагирӣ аз ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти нуҳмоҳа, баррасии масъалаҳои муҳим ва ҳамзамон рафъи мушкилоту баланд бардоштани сифати таҳсилот суханронӣ кард.
Сипас, сардори раёсати таълим Осими Оқил аз ҷараёни фаъолияти самти таълим ҳисобот дод.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Бобоева Парвинахон, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём ҳисобот доданд.
Зимни баргузории ҷаласа омӯзгорон масъалаҳоро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои хешро ироа доштанд.
Ҳарчанд худ медонистанд, ки пас аз иродаи пешниҳод зери мушкилоту ғурбати иловагӣ мемонанд, вале ба ғамхориву инсонпарварии баланди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовини аввал профессор Насриддинов Замониддин бовар намуда, барои пешрафти соҳа сухан карданд.