Ҷаласаи фаврии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба бурдани корҳои тарғиботӣ ва меҳандӯстӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ширкати муовинон, деканҳои факултет ва масъули хобгоҳҳо ҷаласа баргузор намуд.
Дар ҷаласаи мазкур нахуст роҷеъ ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси хештаншиносӣ сухан рафта, сипас оид ба авзои охири ҷаҳон ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ масъалагузориҳо сурат гирифт.
Зимни суханронӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз масъулон ҳамзамон, дархост намуд, ки дар даъвати баҳории наваскарон дар шаҳри Бӯстон саҳми худро гузоранд.


Шуъбаи иттилоот