Имрӯз ҷаласаи назди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовинони ректор, деканҳо ва сардори қисми хоҷагидорӣ- маъмурӣ ширкат варзиданд. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба масъулин супориш дод, ки нақша- чорабинӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шавад. Ҳамчунин, ректори донишкада ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, хуб ҷамъбаст намудани давраи зимистонгузаронӣ, тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳа, гузаронидани корҳои таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои саноатӣ, дастгирии ятимони кулл ва нимятим, навиштани мақолаҳо оид ба нуктаҳои Паём, тафсири нуктаҳои асосӣ миёни донишҷӯён, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби ихтисосҳои донишкада, оғоз намудани марҳилаи “Довталаб- 2024” аз оғози моҳи январ, гузаронидани “Дарҳои кушод”, иваз намудани нақша- чорабиниҳои ҳарсолаи Стратегияву барномаҳои давлатӣ супоришҳои қатъӣ дод.