Имрӯз, бо ширкати муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин ҷаласаи машваратӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳузури сардорони шуъбаву раёсатҳо, деканҳову мудирони кафедраҳо баргузор гардид.
Насриддинов З. роҷеъ ба муаммоҳои мавҷуда дар ҷараёни таълим гузориши сардори раёсати таълим Осими Оқилро шунида, сипас ба таҳлилҳо пардохта роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо бо деканҳову мудирон баррасӣ намуд. Тамоми деканҳову мудирон ба таҳлилҳои хулосаи амиқ дода, муваззаф шуданд, ки камбудҳои ҷойдоштаро сари вақт ва ба таври фаврӣ бартараф намоянд.
Насриддинов Замониддин талаб намуданд, ки тибқи дастури роҳбарият ҳама масъулон ва кафедраҳои соҳавӣ барои омода намудани донишҷӯёни фаъол ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бояд нақшаи комил дошта бошанд.
Дар ҷаласаи имрӯза, ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва гузаронидани дарсҳои амалӣ дар филиали кафедраҳо дар корхонаҳои саноатӣ сухан рафта, сафи филиалҳо бояд зиёд карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур ба хотири иҷрои бандҳои супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷаласаи рӯзи душанбе гузаронида шуда, ҳама масъулон супориш гирифтанд, то аз натиҷаи кори хеш то охири ҳафта маълумот пешниҳод намоянд.
Шуъбаи иттилоот