Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баъди баргузории ҳамоиши муҳим роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», чорабинии ҳисоботии ҷамъбасти фаъолияти солона баргузор гардид, ки дар он тамоми кормандону омӯзгорон ширкат варзиданд.
Нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин роҷеъ ба фаъолияти яксолаи соҳаи таълим ҳисобот дода, таъкид намуд, ки дар ин давра сифати таҳсилот хеле баланд бардошта шуд ва ҳамчунин 150 дарси кушод гузаронида шуд.
Сипас, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо роҷеъ ба фаъолияти яксолаи соҳаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ ҳисобот дод.
Баъдан, муовини ректор оид ба корҳои тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон роҷеъ ба самти фаъолияти яксолаи соҳаи тарбия ҳисобот дод.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ аз фаъолони ҳар як соҳа сабаби камбудиҳоро пурсида, сипас барои пешбурди дурусти фаъолият машварату супоришҳо дод.
Мавсуф таъкид намуд, ки ин шабу рӯз мо бояд даҳчанд фаъолияти хешро ба роҳ монем,то мутахассисони варзидаи соҳаро омода намоем. Кори мо бояд ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Донишҷӯ набояд камбудӣ дошта бошад, мо омӯзгоронро зарур аст, ки ҳамарӯза аз аҳволи онон хабардор бошем ва дастгирӣ намоему дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кунем. Маҳз ҳамин хел муносибати дуруст ва падарона донишҷӯро дилгарм менамояд ва ӯ аз пайи илмомӯзӣ мегардад .
Ҳамзамон, дар интиҳои чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳама сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахш, деканҳо, мудирон изҳори миннатдорӣ баён намуда, барои 2024 як қатор вазифагузориҳо кард.