Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷалсаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи Ташкилоти ибтидоии “Маърифат” баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар ва дигар омӯзгорону аъзоёни фаъоли ҳизб ширкат варзиданд.
Нахуст ҷаласаро раиси ташкилоти ҳизбиии ибтидоии “Маърифат” Саидов Анварҷон ифтитоҳ намуда, ҷиҳати оғоз намудани ҷаласа ба тариқи овоздиҳӣ аз вакилот даъват ба амал оварданд, ки дар натиҷа ягон нафар зид ё бетараф пайдо нашуд. Бо ҳамин минвол ҷаласаи ҳисоботӣ кушода эълон гардида, раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” Саидов А.А. аз фаъолияти семоҳа ва корҳои ободонӣ ҳисобот пешниҳод намуда, арз намуданд, ки барои шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 16 вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ гузаронидаанд, ҳамчунин 6 семинару машваратҳо бо омӯзгорону донишҷӯён барои пешгирӣ аз хурофотпарастӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гузаронида шуд ва минбаъд низ дар назарас то як конфронси ҷумҳуриявӣ гузаронида шавад.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа аъзои фаъоли ҳизб Ғоибов Алишер суханронӣ намуда, тақвияти корҳои идеологиро дар ин самт барои пешрафту гул-гулшукуфоии кишвар ёдовар шуд.
Сипас, раиси КИ ҲХДТ Ҷалолзода М. суханронӣ намуда, аз фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоии “Маърифат” изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми омӯзгорон ва ректори донишкадаро дар пешрафти кори ҳизб назаррас арзёбӣ кард ва изҳори сипосмандӣ ба раёсати донишкада намуданд.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати пешбурди фаъолияти ҳизб ва ҳамзамон истифодаи таҷрибаи нодири дигар омӯзгорон баён намуда, қайд намуданд, ки ҳама корҳои созандагиву ободонии мо ба хотири пешрафти давлату миллат ва пеш аз ҳама амали намудани барномаи ҳизбӣ мебошад, ки мо дар самт пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, то саҳми намоёни худро дар пешбурди кори ҳизб гузорем…
Дар интиҳои ҷаласа суолу ҷавоб байни вакилон ва омӯзгорон сурат гирифт, ки ин боз ҳам ҷаласаро гуворотар гардонид.
М. Сайидзода