Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти семоҳа дар донишкада баргузор гардид

Имрӯз, дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти семоҳа баргузор гардид. Ҷаласаро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҳозирин даъват намуд, ки роҷеъ муҳтавои гузориши муовинон агар суол ё пешниҳоде дошта бошед, озодона матраҳ намоед. Сипас, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин роҷеъ ба вазъи таълим дар фаъолияти семоҳа ҳисобот дод. Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо роҷеъ ба илму инноватсия, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда роҷеъ ба фаъолияти семоҳаи сохтори тарбия, раиси иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад роҷеъ ба фаъолияти ин ниҳод ҳисобот доданд.
Ректори донишкада профессор Б.Маҳмадалӣ роҷеъ ба самтҳо иродҳои роҳбарияти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдрас шуда, таъкид намуд, ки бояд тамоми камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд, корҳои нобасомон оид ба сохтмон хотима дода шавад. Раванди ободкориҳо бояд тезонида шавад.
Ҳамчунин, ба як қатор мудирони шуъбаву сохторҳо дастур дода шуд, то фаъолияти соҳаро беҳтар намоянд.


Шуъбаи иттилоот