Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада ҷаласаи интихоботии ташкилоти ибтидоии “Маърифат”- и донишкада баргузор гардид. Дар ҷаласаи интихоботӣ раиси дастгоҳи Кумитаи иҷроии дастгоҳи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон, раиси дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр. муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” Саидов Анвар ва аъзоёни фаъол ширкат намуданд.
Нахуст раиси ташкилот Саидов Анвар аз давраи фаъолияти шашмоҳаи худ ҳисобот дод.
Пас аз ба овозмонӣ аъзои фаъоли ташкилоти ҳизбӣ раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад пешниҳод кард, ки ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” ва муовини раиси ташкилот Саидов Анвар интихоб карда шаванд.
Аз рӯйи масъалаи якум барои интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоӣ ва котиби он овоздиҳӣ сурат гирифт, ки дар он ҳама аъзоёни фаъол якдилона овоз доданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа Эшов Зулфон дар бораи фаъолияти ҳизб таҳти унвони “ҲХДТ- ҳизби наҷотбахш” ва муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда оид ба обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбӣ баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар суханронӣ намуданд.
Сипас, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати фаъол намудани аъзоёни ҳизб ва баланд бардоштани саводи иттилоотии ҷавонон чанд нуктаро пешниҳод намуданд.
Дар интиҳо ба 3 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб сипоснома ва ба се аъзои нави ҳизб дафтарчаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот