Ҷаласаи фаврии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Дирӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи фаврӣ баҳри беҳтар ширкат намудани омӯзгорону донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ гузаронид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлуда, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур оид ба ширкати омӯзгорону донишҷӯён дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ва олимпиадаҳои фаннӣ баррасӣ шуда, таъкид карда шуд, ки ба таври фаврӣ донишҷӯён омода карда шаванд.
Гуфта шуд, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва гирифтани ҷойҳои якуму дуюм ба ширкаткунандагони озмуну олимпиада аз ҷониби раёсати донишкада мукофот дода мешавад.
Шуъбаи иттилоот