Имрӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада ҷаласаи васеи муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо ширкати роҳбарони сохтору воҳидҳои донишкада баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбияи масъулиятшиносии ҷавонон, боло бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, пешгирӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, навиштани дастурҳои таълимӣ, таҳияи монографияҳо, таҳияи шиносномаи ихтисосҳои муҳим, дастгирии бевоситаи ятимону маъюбон, иброз намудани мавқеи ошкор баҳри ҳифзи манофеи миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳим профессор Насриддинов Замониддин ибрози андеша намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, деканҳои факултет низ суханронӣ намуданд.