Имрӯз, дар утоқи кории муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ҷаласаи фаврии назоратӣ оид ба сохтори тарбия бо ширкати деканҳову мудирон ва бахсу шуъбаҳои раёсати таълим баргузор гардид. Ҷаласаро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои раванди таълим, сифати таҳсилот, гузаронидани дарсҳои кушод, баргузории семинарҳои машваратӣ, ширкати донишҷӯён ба дарсҳо, гузаронидани дарсҳои амалӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ, санҷидани донишҳои донишҷӯён тавассути анкетаҳои махсус, муайяннамудани рейтенги омӯзгорон, омӯхтани корҳои санҷишӣ, тафтиши раванди таълим дар бахши фосилавӣ ва гурӯҳҳои ғоибона, ширкати донишҷӯён ба дарсҳо, истифодаи тахтаҳои электронӣ дар ҷараёни тадрис ва дигар масъалаҳои муҳим гуфта гузашт.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин оид ба масоили ҳолати кафедраҳои тахассусӣ, озмоишгоҳҳои донишкада, тарзи гузаронидани машғулиятҳои фосилавӣ, ҳавасмандсозии донишҷӯён, пурра гузаштани дарсҳои амалӣ дар филиали кафедраҳо дар корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, гузаронидани маҳфилҳои забономӯзӣ ва соҳавии самтӣ, раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва пурра ба дарс фаро гирифтани донишҷӯёни бахши ғоибона баҳсу баррасиҳо сурат гирифт.
Дар интиҳо муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ба масъулин ҷиҳати бартараф камбудиҳои ҷойдошта, гузаронидани пурсишҳо миёни донишҷӯён ва беҳтар намудани ҳолати таълим дастур супоришҳо дод.
Шуъбаи иттилоот