Имрӯз, дар толори калони маҷлисгоҳи донишкада ҷаласаи раёсати донишкада баргузор гардид. Ҷаласаро нахуст ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи вазъи баамаломада ва чораҳои беҳдоштӣ ба хотири пешгирӣ намудан аз сироятёбӣ ба пандемияи Ковид-19 сухан ронда, таъкид доштанд, ҳоло ҳар як омӯзгор бояд ваксина гирад, то ба донишҷӯён зиён нарасад ва бо ҳамин роҳ мо мехоҳем аз гирифторшавӣ ба ин вирус пешгирӣ намоем.
Ҳамчунин, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба кормандон ҷиҳати гирифтани китобҳои бадеӣ ва мутолиа он дар давраи рухсатӣ супориш доданд.
Дар интиҳои ҷаласа як қатор масъулон доир ба масоили ҷорӣ ҳисобот доданд.
Шуъбаи иттилоот