Имрӯз, дар видеоконфроснзали донишкада ҷаласаи нақшавии сохтори тарбия зери сарварии муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон ва ширкати муовинони декан оид ба тарбия ва кормандони сохтори мазкур баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон суханронӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо, гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, мулоқот бо волидайни донишҷӯён, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи қоидаҳои донишҷӯӣ, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ ҳангоми машғулиятҳои таълимӣ, гузаронидани семинарҳои машваратӣ ва мулоқотҳо бо намояндагони мақомотҳои дахлдор гуфта гузашт.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур масоили ширкат дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, иштироки донишҷӯён дар ҳаёти сиёсӣ, риояи одоб ва муошират ва истифодаи дуруст аз ҳуҷраҳои хобгоҳ ва дигар масоили марбут ба самти тарбия мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.