Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин тибқи дастури ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи фаврӣ гузаронид, ки дар он деканҳои факулта, мудирони кафедраҳо, сардорони шуъбаву бахшҳо ва раёсатҳо ширкат намуданд.
Насриддинов Замониддин нахуст роҷеъ ба иҷроиши Нақша чорабиниҳо доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан ронда, таъкид дошт, ки нақшаҳо бояд фаврӣ ва дар муҳлати муайяншуда иҷро карда шаванд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи имрӯза перомуни давомоти донишҷӯён, баланд бардоштани сифати таҳсилот, баргардонидани қарзи донишҷӯёни солҳои қабл хориҷшуда ва робитаи мустақими мураббиён бо волидайни донишҷӯён, тарғибу ташвиқи донишкада дар ВАО, ҷалби довталабон ба донишкада ва ғайраҳо баррасӣ шуд.
Роҷеъ ба масоили зикршуда, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули, раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, сардори раёсати молия ва ҳисобдорӣ Маҳмудов Акбар, ҳуқуқшиноси донишкада Деҳқонов Дилшод низ суханронӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот