Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ширкати муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, сардори бахши ҳуқуқ ва дигарон ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ, даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни омӯзгорону донишҷӯён ва амали намудани бандҳои Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар донишкада ба масъулин дасту супориш дод.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ қайд намуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид мекунанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”.
Аз ҳамин лиҳоз аз ҳар як нафар хоҳиш карда мешавад, ки нисбати ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд ва мубориза баранд, зеро коррупсия ин хатар бар амнияти ҷомеаи солим мебошад.
Дар интиҳо ҳамчунин муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ва муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон низ сухан ронда, чанд нуктаи муҳимро таъкид карданд.
Дар ҷаласаи имрӯза, ҳамзамон таъкид карда шуд, ки нисбати ин масъала ҳам мудирони кафедраҳо, деканҳои факултет, сардорони бахшу раёсатҳо ва ҳам роҳбарият бояд бетараф набошем ва ҷиддӣ муносибат намуда, моҳияти масъаларо ба ҳама фаҳмонем. Пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ роҳсозӣ барои фардои дурахшон аст!