Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон дар донишкада баргузор гардид

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Шӯрои олимон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада ва дигар аъзоёни Шӯро ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи навбатии Шӯро ба ҷуз масъалаҳои ҷорӣ дигар масоили амсоли  сифати таҳсилот дар факултети металлургия ва вазъи иҷроиши нақшаи тарбия  дар факултети корҳои кӯҳӣ баррасӣ карда шуд, ки аз ҷараёни он масъулон ба ҳайати Шӯро гузориш доданд.

Дар интиҳои ҷаласа як қатор қарорҳо ба тасвиб расонида шуд, ки ҳамаи он бар асоси пешниҳоду дархости ҳайатҳо таҳия карад шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои олимон дар донишкада ҳар моҳ мегузарад ва раёсати шӯроро дар донишкада ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бар дӯш доранд.