Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада ҷаласаи навбатии Шурои занон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шуро Самадова Гули ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда изҳори андеша намуд. Сипас, муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон суханронӣ карда, дар бораи ҳимояи ҳуқуқи занон, мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии занону бонувон аз ҷониби донишкада гуфта гузашт. Дар ҷаласаи Шурои занон асосан масъалаҳои зерин ба монанди риоя намудани либосҳои тавсиявӣ дар мактабҳои олӣ, интизоми меҳнат дар раванди фаъолияти корӣ ва танзиму анъана ва ҷашну маросим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.