Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид. Дар он ҳайати профессориву омӯзгорӣ, намояндаи Раёсати илм ва инноватсия, донишҷӯёни ихтисосҳои самтҳои экология, иқтисодиёт, металлургия, химия, иштирок варзиданд.
Раиси маҳфил Холиқов Манзаршоҳ ҷаласаи навбатиро оғоз намуд. Ӯ қайд кард, ки дар моҳи апрел аъзоёни маҳфил бисёр фаъол буданд. Онҳо дар экскурсияҳо, корҳои саҳроӣ-ниҳолшинонӣ ва ҳамчунин дар Рӯзи Сирдарё фаъолона иштирок варзиданд.
Тибқи рӯзнома се нафар донишҷӯён дар мавзӯҳои зерин баромад намуданд:
1. “Таҳлили оби нушокӣ дар баъзе шаҳру нохияхои Вилояти Суғд” – Мадаюбова О. (донишҷӯи бахши 4, ихтисоси 330101-05).
2. “Защита ледников” – Мирзоев О., (донишҷӯи бахши 2, ихтисоси 420101-04).
3. “Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ” – Холиков М., (донишҷӯи бахши 2, ихтисоси 330101-05).
Боиси қайд аст, ки дар ҳар маҳфил донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баромад мекунанд.
Дар анҷоми маҳфил саволу ҷавоб байни маърӯзачиён ва донишчӯёни дигар ихтисосҳои донишкада ҳаллу фасли худро ёфт ва сухани ҷамъбастӣ ба Роҳбари илмии маҳфили илмии донишҷӯён Розиқов З.А., доктори илмҳои техникӣ, профессор дода шуд. Розиқов З.А. қайд намуданд, ки айни замон якчанд нафар донишҷӯён дар Лоиҳаҳои гуногуни вобаста ба таҳлили сифати об иштирок варзида истодаанд. Дигар донишҷӯён низ метавонанд дар чунин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок варзиданд.
Раиси маҳфили илмии донишҷӯён Эколог-муҳандис Холиқов М. қайд намуд, ки соли 4-ум аст, ки маҳфил бисёр дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъоли донишҷӯён гузашта истодааст. Қайд карда шуд, ки донишҷӯёне, ки дар маҳфил иштирок ё баромад менамоянд, маҳорати суханронии худро инкишоф дода, маърифати экологии худро боз ҳам баланд менамоянд.