Ҷаласаи муовини ректор оид ба таълим Насриддинов З.З. бо аъзоёни раёсат

Имрӯз, муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин Зайниддинович тибқи дастури ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати ташхиси соли хониш ва фаъолияти кормандон бо аъзоёни раёсати донишкада ҷаласа гузаронид. Дар ҷаласаи мазкур раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, сардори раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ Мӯминова Дилором, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ, декани факултети электромеханика Қозиев Камолуддин, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат ва декани факултети иқтисодиёти саноатӣ Саидов Мустафохон ширкат намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур, ҳолати феълии донишҷӯён ва раванди таҳсилоти фосилавӣ баррасӣ гардида, гузориши шифоҳии деканҳо шунида шуд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи мазкур нарасидани омӯзгорони тахассусӣ ва ба кор ҷалб намудани омӯзгорони ҳирфаӣ баррасӣ шуд.

Муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин иброз доштанд, ки тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони ба синни нафақа расидаро бояд аз талаботи қонунгузорӣ ва Кодекси меҳнат огоҳ намоед.

Шуъбаи иттилоот