Санаи 11-уми феврал доир ба таҷрибаомӯзӣ ва як қатор масоили муҳими вобаста ба он ҷаласаи муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо роҳбарони гурӯҳҳои таҷрибаомӯзӣ баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дар бораи муҳим будани давраи таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён сухан ронда, таъкид намуд, ки новобаста аз вазъи ҳаво ва имкониятҳо донишҷӯён бояд ба таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои саноатӣ фаро гирифта шаванд ва аз таҷрибаи хеш ҳисобот диҳанд, то мо тавонем малакаи онҳоро санҷида, раванди таълимро боз ҳам беҳтар ва барномаро васеътар намоем.
Дар ҷаласаи мазкур ин масъалаҳо баррасӣ гардид: Ҳамаи мактубҳои таҷрибаомӯзӣ тибқи тақсимоти дар фармоиши ректор муқарраргардида бояд то санаи 16.02.2023 сол аз ҷониби бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон омода ва ба роҳбарони таҷрибаомӯзӣ дастрас карда шаванд;Роҳбарони таҷрибаомӯзӣ то санаи 23.02.2023 сол бояд мактубҳоро ба корхонаҳо дастрас намуда, бо роҳбарияти корхонаҳо ба мувофиқа оварданд (ҳангоми ба вуҷуд омадани пешниҳодҳо ё эродҳои корхона нисбати таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба раёсати донишкада хабар диҳанд);Роҳбарони таҷрибаомӯзӣ раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро бояд бо корхонаҳо мувофиыа намоянд;Таъмини таҷрибаомӯзон бо рӯзнома ва барномаҳои таҷрибаомӯзӣ;Пеш аз сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ дар назди ҳар як кафедраи тахассусӣ ташкил ва гузаронидани ҷаласа бо таҷрибаомӯзон оид ба риояи техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхона, риояи қоидаҳои тартиби дохилии корхона, тартиби ҳуҷҷатгузории таҷрибаомӯзӣ ва ҳисоботҳо, имзогузории донишҷӯён ба дафтари бақайдгирии дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ ҳангоми гузаштани таҷрибаомўзиҳо;КМ «Зарафшон» маълум кард, ки ҷиҳати қабули таҷрибаомӯзон ва талоботҳо барои ташкили таҷрибаомӯзӣ дар муддати кӯтоҳтарин ба донишкада хабар медиҳад;Муроҷиати КМ «Анзоб» оид ба масъалаҳои ташкил ва гузаронида таҷрибаомӯзӣ: мавҷудияти ҷойи хоб, бо музди меҳнат таъмин намудани таҷрибаомӯзон, пас аз хатм ба кор қабул намудани таҷрибаомӯзони лаёқатманд, як моҳ пеш аз оғози таҷрибаомӯзӣ бохабар намудани корхона оид ба муҳлати таҷрибаомӯзӣ, шумора ва ному насаби донишҷӯён ва роҳбари таҷрибаомӯзӣ, ихтисоси донишҷӯён, рақами телефонии донишҷӯён ва роҳбар. Барои таҷрибаомӯзон чунин талоботҳо гузошта мешаванд: иштироки пурра ва саривақт, бо худ доштани шиноснома, маълумотномаи тиббӣ барои ҳамчун коргар ба қайд гирифтан (аз ширкати Фароз). Роҳбарони таҷрибаомӯзӣ бо корхона барномаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро вобаста ба ихтисосҳо бояд ба мувофиқа оварданд, ки тибқи он корхона мутахассисҳои худро ба раванди мазкур ҷалб менамояд;Назорати мунтазами таҷрибаомӯзон ва ташриф ба корхонаҳо аз ҷониби роҳбарони таҷрибаомӯзӣ;
PS: Хонандаи арҷманд бинобар мушкили фаннии сомона, хабару гузоришҳо дертар гузошта шуд