Санаи 03 ноябри соли 2023 ҷаласаи маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Эколог-муҳандис” баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни ихтисосҳои Ҳифзи муҳандисии муҳити зист ва Экологияи саноат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва омӯзгорони кафедраи экология иштирок варзиданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа 3 нафар донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баромад намуданд:
Холиқов Манзаршоҳ – “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (3, 330101-05);
Расулова Сарвиноз – “Влияние производства косметики и парфюмерии на окружающую среду” (4, 330101-05);
Қаюмов Музаффар – “Экологияи шаҳрҳо” (4, 330101-05);
Маҳфили илмиро Раиси он – донишҷӯи бахши 4 Холиқов Манзаршоҳ ифтитоҳ намуда дар мавзӯъи “Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Баъдан донишҷӯён Расулова Сарвиноз ва Қаюмов Музаффар дар мавзӯъҳои зикргардида бо презентатсияҳои диққатҷалбкунанда баромади пурмӯҳтаво намуданд.
Баъди баромадҳои донишҷӯён Роҳбари илмии маҳфил доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З.А. дар баромади худ қайд намуданд, ки гузаронидани чунин маҳфилҳо барои донишҷӯён бисёр муфид мебошад. Зеро, дар он маърӯзачиён нишастагонро бо натиҷаҳои корҳои тадқиқотии худ шинос мегардонанд, малакаи баромад кардан ва гузаронидани корҳои тадқиқотии худро такмил медиҳанд. Зикр гардид, ки донишҷӯён дар ҳар ҷаласаҳои ин маҳфил бо на кам аз 3 маърӯза ва бо 3 забонҳо баромад менамоянд.
Дар охири маҳфил 4 нафар донишҷӯён хоҳиши баромад карданро дар маҳфилҳои оянда иброз намуданд. Таъкид карда шуд, ки ин гуна маҳфил дар оянда бо иштироки бештари донишҷӯён аз дигар ихтисосҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Холиқов М..- раиси маҳфили муҳандис-эколог,
Кӯҷмуродов Н. – аъзои Шӯрои маҳфил, котиб