Ҷаласаи кории ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳайати роҳбарикунандаи донишкада ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз масъулин омодагии донишкадаро пурсон шуда, ба муовинон ва деканҳову сардорони раёсатҳо ҷиҳати дар сатҳи хуб гузаронидани Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш дастуру супоришҳо дод.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки имрӯз донишкада пурра омода аст ва омӯзгорону кормандон бояд масъулият нишон дода, донишҷӯёнро хуб тарбия намоянд. Ояндаи соҳаи саноатикунонии кишвар дар дасти хатмкунандагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад ва дар ин самт мо бояд сахт масъулиятшинос бошем.