Иштироки донишҷӯён дар аксияи экологӣ

Донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ихтисоси 330101-05 ҳифзи муҳандисии муҳити зист ҳамроҳи омӯзгорони кафедраи экология ва геология ва корҳои нафту газ санаи 02.04.2023 дар Конибодом бо мақсади шинонидани ниҳоли дарахтони гуногун дар аксияи экологӣ иштирок намуданд. Максади асосии чорабинӣ, ин ҳифзи муҳити атроф буда, бо ҳамин омил яъне ҳифзи ҷангалзори тӯқай, ки дар минтақаи болооби Баҳри Тоҷик мавқеъ мебошанд, дар асл амалӣ карда шуд.

Боиси қайд аст, ки экология ва ҳифзи табиат қисми ҷудонашавандаи  иқтисодиёт ва афкори ҷамъиятӣ, кафили солимии ҷомеа мебошад.
Чорабинӣ аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист” тибқи Лоиҳаи “Ҳифзи чангалхои туқай ва намудҳои зери хатари минтақаи болооби обанбори «Баҳри точик» ташкил карда шуд. Роҳбари ташкилоти мазкур Мамадов Икром қайд намуд, ки тибқи Лоиҳа дар ин мавзеъ аллакай корҳои назаррас амалӣ гардидааст. Имрӯза чорабинӣ, ба ҷузъи 3-юми Лоиҳа: Барқарорсозии минтақаи обию ботлоқӣ ва ҷангалзори тӯқай дахл дорад.

Экосистемаи ҷангалзори тӯқай на танҳо барои нигоҳ доштани мувозинати экологии минтақа, балки дар сатҳи минтақавӣ аҳамияти калон дорад. Он макони намудҳои нодири энедемикии ҳайвонот, паррандаҳо ва растаниҳо мебошад.
Ҷангалзори туқай набототу ҳайвонот ва дарахтони ба худ хос дорад, ки дар мамлакати мо яке аз манзараҳои диққатҷалбкунанда ба ҳисоб меравад.  Дар ин ҷо сафедори маъруфи реликти осиёӣ мерӯяд, ки микроиқлими махсус ва фазои беназири табиатро ба вуҷуд меорад.
Чорабинӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии маҷмӯъи рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 гузаронида шуд.

Ҳоҷибоев Далер,

мудири кафедраи экология 

Мадаюбова Озода, донишҷӯи бахши 4, муҳандис-эколог