ҶАВҲАРИ МАРДӢ ЧУ БОШАД…..

Дар ҳоле ки тӯдаи ҷавонони раҳгумзада шомили гурӯҳи ифротгарои  исломӣ шуда ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла мекунанд, чор нафар донишҷӯйи пешқадами донишкадаи мо аз байни бист довталаб ғолиб омада, рӯзҳои наздик барои идомаи таҳсил ба Ҷумҳурии Халқии Чин мераванд. Яъне ,  ҷавҳари мардӣ на дар камар бастани шамшер аст, он бештар дар маърифат аст.

Маълум аст, ки робитаҳои самаранок бо муассисаҳои кишварҳои хориҷӣ, ба таҳким бахшидани иқтидори илмӣ, таълимии донишгоҳ зарур аст.

Шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии донишкада барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар як имконияти мавҷударо хусусан дар мавриди ҳамкориҳои байналмиллалии илмӣ пурсамар истифода барад. То ин замон, ҳамкориҳои байналмиллалии илмӣ дар риштаҳои гуногун тақвият ёфта истодаанд. Олимони донишкада бо ҳамкории доираҳои илмии мамолики дуру наздик корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода истодаанд.

Ҳамкории тарафайн дар асоси шартномаҳои дутарафа ба роҳ монда мешаванд. Бо қаноатмандӣ бояд изҳор намуд, ки имрўз донишгоҳ бо зиёда аз 35 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногун бастааст. Шартномаҳои ҳамкорӣ бо 14 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Руссия, бо 5 муассисаи Украина, бо 3 муассисаи Белоруссия, бо 3 муассисаи Ҷумҳурии Қазоқистон, бо 3 муассисаи Ҷумҳурии Қирғизистон, бо 1 муассисаи Словакия, бо 1 муассисаи Португалия, бо як муассисаи Молдава, бо 2 муассисаи Хитой, бо 2 муассисаи Латвия, бо 1 муассисаи Словения ва бо як муассисаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баста шуданд. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи табодули донишҷӯён ва таҷрибаомузии омузгорон дар соли хониши 2017- 2018 бо ин донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар Шартномаҳои дуҷониба баста шуд:

Ҷавонони имрӯза бояд бештар дар роҳи илм ҷавҳари мардӣ биҷуяндю Тавре Фонии Кашмирӣ мефармояд.

Ҷавҳари мардӣ чу бошад, ҳоҷати шамшер нест,

Дар камар номардро ханҷар намеояд ба кор.

 

Фирузаи Мирсаид, мутахасиси шӯъбаи илм, инноватсия

ва робитаҳои байнайлмилалии ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

нуҳ + 8 =