ҶАВОНӢ МЕРАВАД, ДАРЁБ ЗИНДАГОНИРО!

Ҷавонон дар ҳама  замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. 

Эмомалӣ Раҳмон                                                                                                                                                                                   

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониҳояшон ҳамеша ҷавононро нерӯи ояндасози ҷомеа-ояндаи миллат арзёбӣ менамоянд. Бо иқдоми Пешвои миллат “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 воқеан ҳам, аз боварии беандозаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон гувоҳӣ медод. Имрӯз ҳақиқатан ҳам, саҳми ҷавонони мо дар пешрафти кишварамон, ҳамчун навовару ихтироъкор, мутахасис, варзишгар ва донишҷӯӣ хеле арзишманд аст. Ҷавонон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба як қувваи пешбарандаи ҷомеа табдил ёфта, аз пайравони Пешвои миллат будани худ ифтихор доранд.

         Ин ҷо мо мехоҳем порае аз ҳаёт ва фаъолияти як нафар донишҷӯӣ-ҷавони боистеъдод дар оянда мутахассиси варзида Муҳаммадалӣ Бобоев рӯи саҳифа орем.

    Муҳаммадалӣ Бобоев соли 1996 дар деҳаи зебоманзари Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз баски, падараш коргари соҳаи саноати куҳӣ буд, ҳанӯз дар овони дар мактаби миёнаи рақами 7-и ба номи Муродуллоҳ Шерализода таҳсил намуданаш, меҳри муҳандиси соҳаи саноати куҳӣ шуданро дар дил мепарварид. Чуноне ки бузургон фармудаанд:

                         Ҳар касеро баҳри коре сохтаанд,

                         Меҳри онро дар дилаш андохтаанд.

         Соли 2013 баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултети корҳои куҳии Донишкадаи куҳӣ-металургии Тоҷикистон супорид. Бо назардошти он, ки дар мактаби миёна бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард, баъди бо мувафақият супоридани имтиҳонот ба сафи донишҷӯёни донишкада дохил гардид.

Дар баробари бо баҳои хубу аъло хондан дар корҳои ҷамъиятии донишкадаю шаҳр фаъолона ширкат меварзид Муҳаммадалӣ ҷавони соҳибистеъдод, масъулиятшинос, ташкилотчӣ, хоксору поктинат ва ватандӯст мебошад ва барои ҳамин ҳам, ҳамсабақонаш донишҷӯёни бахши 5 ӯро иззату эҳтиром мекунанд. Ӯ ҳамчун донишҷӯи фаъол ва болаёқат аъзои шӯрои донишҷӯёни донишкада буда, тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва сиёсати давлатии ҷавонон дар байни донишҷӯён мебошад. Донишкада ҳамчун боргоҳи илму маърифат барои ӯ ҷаҳони наверо боз намуд.  Соли 2015 Муҳаммадалӣ ба ҳайси донишҷӯи боистеъдоду фаъол курси захиравии кадрҳои назди КИ ҲХДТ-ро хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардида,дар ҳафтаҳои худидоракунӣ  МИҲД-и шаҳри Бӯстон фаъолона ширкат меварзад. Соли 2016 Муҳаммадалӣ барои дониши хубу аъло ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо сипосномаи раёсати донишкада ва раиси шаҳри Бӯстон қадрдонӣ гардид.

Муҳаммадалӣ аз ҷавони ифтихор дорад, зеро шоир фармудааст:

Мо ҷавонон қалби бедори Ватан,

Саф ба саф ҳар рӯз дар кори Ватан.

Мо ивоз кардан намехоҳем ҳеҷ,

Бо гули мулки дигар хори Ватан.                          

         Дар қатори дигар ҷавони кишвар Муҳаммадалӣ дар чорабиниҳои тарбиявии донишкадавӣ ва шаҳрӣ мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро фаъолона иштироку баромад намуда, намунаи ибрати дигарон мебошад. Муҳаммадалӣ аъзои ҲХДТ буда, ҳамчун дружиначии ихтиёрии ШКД ВКД-Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар муҳофизат тартиботи ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошт. Барои ҳамкорӣ ва саҳмаш дар чорабиниҳои тарбиявӣ ва ҳамкорӣ бо Мақомати ҳифзи ҳуқуқ бо сипосномаи шуъбаи корҳои дохили ВКД-Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуд. Инчунин барои масъулиятшиносӣ ва ҳамкориҳои судманд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Муҳаммадалӣ Бобоев бо сипосномаи Раёсати ВКД – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мукофонида шудааст.   Муҳаммадалӣ Бобоев дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳои донишкада бахшида ба “Соли ҷавонон” фаъолона иштирок менамояд.

Муҳаммадалӣ ҷавони ҷӯянда буда, илова ба донишомӯзию корҳои ҷамъиятӣ  ҳамчун зодаи водии Зарафшон ба навиштани ҳикоя ва эҷоди шеъру  тарона шавқи беандоза дорад. Дар рӯзномаи донишкадавии “Маъданшинос” чакидаҳои хомааш мунтазам нашр мешаванд.

   Айни замон, барои адои хизмати ҳарбӣ Муҳаммадалӣ Бобоев ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардид. Мо устодон боварӣ дорем, ки Муҳаммадалӣ ба ҳайси як нафар донишҷӯӣ, соҳибистеъдод ва нерӯи созанда- пайрави Пешвои миллатамон дар гул-гулшукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.

     Ҷавонон бояд фирефтаи ҳар гуна дасисаҳои сиёсӣ нашуда, пеш аз ҳама ба Ватани худ содиқона хизмат намоянд ба мисли Муҳамадалии мо!

 

              Садриддинов А.,  Азизов Қ.,

устодони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон