Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ ва санъати тасвирӣ баргузор гардид, ки дар он 19 донишҷӯён ширкат варзиданд.
Дар озмуни мазкур муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, муовини декан оид ба тарбияи факултети электромеханика Саидов Анвар, муовини декани факултети металлургия оид ба тарбия Расулова Мунзифахон, сардори гурӯҳи ҳунарии “Ҷилои Ёқут”- и донишкада Каримов Ҷомӣ ширкат намуда, ҳунари довталабонро баҳогузорӣ намуданд.
Ба даври шаҳрии озмун 6 нафар ширкаткунандагон роҳхат гирифтанд.