ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Имрӯз дар ҷомеаи мо  барои омӯхтани касбу ҳунари  ҷавонон шароити мусоид муҳайё карда шудааст. Тавре ба мо маълум аст, ҷавонон нерӯи созанда ва бунёдгари миллатанд.

          Мутаасифона, имрӯз  бархе аз онҳо аз гумроҳиву нодонӣ пойбанди ақидаҳои дорои ҳадафҳои нопок мегарданд. Ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои гуногун шомил мешаванд.

     Маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим ба назар мерасанд, зеро баланд бардоштани дониши  динӣ ва дунявии ҷавонон метавонад, омили паст шудани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар ҷомеа гардад. Табиист, ки илму  маърифат, расму оин, марзу бум, забон, ваҳдату сулҳу субот  ва муққадасоти дигар  барои бақои ҳар як  миллат лозим буда,  маҳз тавассути  ҳамин арзишҳо  ҳар миллат рушд мекунад.  Сулҳу салоҳ  дар ниҳод, табиату хислат, хуну пуст  ва дину имони миллати  тоҷик  аз қадимулаём  мақом дорад. Аз ин нуқта равшан аст, ки кулли адёни чаҳонӣ, бахусус дини мубини  ислом, ҳама гуна ҷангу  низоъро  маҳкум ва сулҳу салоҳро  тарҳибу ташвиқ  мекунанд, зеро сулҳ дар фарҳанги мо тоҷикон,  беҳтарину муҳимтарин  василаи расидан ба саодат аст. 

         Имруз нафақат  ҷавонони, балки баъзе   калонсолоне,    ки саводи динии хуб надоранд, ҷиҳодро нодуруст фаҳмида, мазмуни онро дар тарконидану нобуд кардани худ мебинанд. Дар вақтҳои охир  барои ҳамаи он инсонҳое, ки мехостанд дар байни мардум ҷанг андозанд бо чашми худ дидаанд, ки барои ҳар як шахс чи хел ҷонро аз даст додан мушкил будааст.      

  Ҷавонон бояд дар ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд ва барои устувории сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ саҳми худро гузоранд.

       Мо дар замоне кору фаъолият карда истодаем, ки ҷиҳати дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани таҳдиди воқеаҳои дохиливу хориҷӣ бояд дар пояи волоияти қонун мусоидат намоем.

      Барои пешгирӣ намудани ҷавонон аз гароиши ҳар гуна ҳизбу

ҳаракатҳои тундрав моро зарур аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии оливу миёна, касбиву техникӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем.  Ба қадри ин тинҷиву оромии ҷомеаи худ  шукрона кунем.

Вазифаи ҷонии мо, фарзандони  ин марзу бум, аст, ки  ваҳдату ягонагиро  чун гавҳараки чашм  нигоҳ дорем. Пайи озодию  сулҳу ваҳдат  камар баста,  дар заминаи сиёсати  тамаддунпарваронаи  Пешвои муаззами  миллатамон Тоҷикистони азизро  бо як кишвари  инкишофёфтаи сайёра табдил диҳем.

Ҳамчун омузгор ,  тарбияткунандаи  насли ояндасоз  бо боварӣ гуфта метавонам, ки  мо омузгорон  тамоми кушишу ҳайратамонро  баҳри баланд бардоштани  маърифати ахолӣ,  равона сохта, шогирдони сазовори  ҷамъиятро  ба камол хоҳем расонд.

Силмонова С. И.

сарлаборанти кафедраи забони  

                  давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ