ҶАВОНОН БОЯД ҲУШЁР БОШАНД

Мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  – Тоҷикистон  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар ин ҷода ҷавонон низ, ки ояндаи миллатанд, ҳиссаи худро гузошта истодаанд. Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.

     Дар ин марҳалаи хатарнок мақсаду вазифаҳои мо омӯзгорон ташаккули маънавиёт, омӯзонидани амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ бояд равона карда шавад.

         Барои ин моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем.

          Танҳо бо иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ,  заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем.

 Яке аз сабабҳои ба ин гуруҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст. Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён ва шахсони маълум барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро амалӣ карда, ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидайн ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд. Агар назар афканед, як одами бесаводу ҷоҳил на танҳо гузаштаро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, танҳо бесаводона дастур иҷро мекунад.

Воқеан, имрӯз ҳодисаҳои мудҳише, ки аз гуруҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванд, боиси ҳалокати ҳазорон одамон мегарданд, водор мекунад, ки барои саводнок шудани ҷавонон, алалхусус, аз ҷиҳати сиёсӣ ҷаҳду талош бояд кард. Зеро то ҷамъият аз ҷаҳлу бесаводӣ берун наояд, то фарҳангу фаросату инсондӯстиаш боло нагирад, мубориза бо терроризму ифротгароиву вайронкорӣ натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.

 

Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти милливу эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд.

 

Мувофиқи нишондодҳо дар натиҷаи сӯистифода аз дин ва озодиҳои динӣ тадриҷан зиёдшавии экстремизми исломӣ ба назар мерасад. Ифротгароёну террористон, ки бо шиорҳои динӣ по ба майдони сиёсат гузоштаанд, аз ҳама беш мафкураи ҷавононро ба нишон гирифтаанд. Зеро медонанд, ки ҷавонон дар ҳар ҷомеа нерӯи асосӣ ва имрӯзу ояндаи давлат ба шумор мераванд.

         Ҷавонон бояд дар ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд ва барои устувории сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ саҳми худро гузоранд.

       Мо, дар замоне кору фаъолият карда истодаем, ки ҷиҳати дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани таҳдиди воқеаҳои дохиливу хориҷӣ бояд дар пояи волоияти қонун мусоидат намоем.

      Силмонова С.

омӯзгори кафедраи забони

давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ