Терроризм дин, мазҳаб ва миллат надоранд,- гуфтаанд Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан дуруст аст. Агар ин тоифа ақаллан қавме мебурданд, дилашон ба модару падари худ месўхт, аммо сатҳи бераҳмиву беақлии террористон то ҳадде расид, ки модарони худро сўзондаву зиндабагўр карданд.
Таърихи инсониятро борҳо санҷидаву имтиҳон кардааст, то насли одамӣ пухтатар гардад. Зуҳуроти номатлуби аср терроризм инсниятро водор кард, ки хештаншинос бошанду инсондўст, ба арзишҳои инсонӣ ва миллӣ арҷ гузоранд, то дар гирдоби зиндагӣ мубориза бурда тавонанд.
Ҳаводиси таърихӣ ва таҷрибаи зиндагӣ собит сохт, ки созмони террористии наҳзатӣ зоҳиран ҳадафи ба исломи ноб баргардонидани ҷомеаро дунбол мекард, вале ботинан мақсади дигар дошт. Роҳбарияти наҳзат аз ибтидо мехост, ки ҷойгоҳи низоми зиндагии дунявиро тадриҷан танг карда, ба ҷойи он меъёрҳои шариати исломӣ ҷорӣ намуда, эътибору нуфузи исломи сиёсиро миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ афзояд ва дар ниҳоят ба қудрати сиёсӣ бирасад.
Наҳзат бо кўмаку дастгирии пуштибонони хориҷиаш дар ҳодисаҳои февралии соли 1990 фаъолона ширкат варзида, қувваи фикрӣ, ҷисмонӣ ва сиёсии худро, ки дар натиҷаи таҷриботи қаблӣ андўхта буд, мавриди санҷиш қарор дод, вале муваффақ нагардид. Ба ҳар сурат, фоҷиаро дар сатҳи мардумӣ тарҳрезӣ намуд. Мутаассифона, интеллигенсияи миллии вақт тавонист дасисаҳои наҳзатро сари вақт бишносад ва ба амалкардҳои он баҳои воқеӣ бидиҳад. Ҳарчанд ки мақоми дахлдори вақти ҷумҳурӣ масъаларо мавриди санҷиш қарор дод ва то андозае муҷриёни воқеаҳои февралиро бозшиносӣ намуд, вале бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ имкони пушти панҷара қарор додани олимони асосии ҳаводиси февралӣ даст надод. Чун наҳзат мушоҳида кард, ки ҷиноёташ бепосух мемонанд, фаъолтар ва бебоктар гардид.
Набояд аз ёд баровард, ки дар ҳаводиси даҳшатбори ибтидои солҳои навадум нақши наҳзат ва сардамдорони он «калидӣ» аст. Маҳз он гурўҳи ҷаҳолатписанд ҷомеаи тоҷикро ба бозии маргбор каши два бо сўиистифода аз дин ва эҳсосоти мазҳабии мардум балои ҷонгудозеро сари ҷомеа овард, ки онро ба ҷуз фоҷиаи миллию мардумӣ чизи дигар гуфта намешавад. Бо мақсади «маорифпарварӣ» ва сўиистифода аз зеҳниёти соддаи ҷомеаи суннатӣ ҳодимони наҳзатӣ рўйи мардум таъсир гузоштанд. Саранҷом «маорифпарварӣ»-и наҳзатӣ дар охири асри бист ҷомеаи тоҷикро ба дигар беҳувиятӣ мубтало карда, боиси сардаргумӣ ва бесуботӣ дар кишвар гадид ва барои сад соли дигар мамлакати моро ба қафо бурд.
Пай дар пай амалӣ нашудани нақша ва барномаҳои наҳзатӣ гувоҳи он аст, ки наҳзат дар арсаи минтақавӣ обрў ва нуфуз надорад. Муҳимтар аз ҳама, миллати тоҷик воқеиятро дуруст дарк мукунад ва барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ва сохтани давлати миллӣ ва сохтани давлати милии дуявӣ аз тамоми имконот истифода мебарад
Хизматова Ҳ.Н.
омӯзгори ДКМТ