Авзои сиёсии ҷаҳон имрӯз хеле тағйир ёфтааст ва яке аз проблемаҳои асосӣ, ки аҳли сайёраро нигарон намудааст, ин зиёд шудани сафи созмонҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ-террористӣ мебошад.
Шомилшавии ҷавонон имрӯз ба ҳаракатҳои ифротӣ ва тундрав яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб мешавад. Аҳли ҷомеаро зарур аст, ки садди роҳи ин бигардем, то мафкураи солими ҷавононро ҳифз созем.
Муболиғони ин гурӯҳҳо бо ҳар гуна роҳу восита мехоҳанд доираи фаъолияти худро васеъ намоянд. Онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо паҳн кардани наворҳову навиштаҳои худ мехоҳанд ба шуури ҷавонон таъсир намоянд.
Ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Маджорян мегӯяд: «Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахсони алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешавад».
Вале бархе аз ҷавонони аз ҳадафҳои ғаразонаи чунин бадхоҳаи ноогоҳ худ бехабар ба доми чунин фиреби онҳо меафтанд ва оқибат аз амалҳои худ пушаймон мешаванду назди халқу Ватан бадному ҷинояткор мешаванд.
Аз ин лиҳоз, имрӯз, дар чунин айёми ҳассоси ҷаҳоншавии зуҳуроти номатлуб ҳар як шаҳрванди кишварро зиракии сиёсӣ мебояд. Мо соҳибватанонро лозим аст, ба арзишҳои олии Ватани азизамон арҷ гузорему шукри даврони сулҳу суббот ва осоиштагӣ намоем.
Саидов А.
омӯзгори ДКМТ