Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии мамлакат баён доштанд, тибқи нақша чорабинии Раёсати мубориза зидди ҷинояткории муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилӣ ҶТ дар вилояти Суғд дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад муовини садори шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсат дар вилояти Суғд подполковники милиса Давронҷон Муҳиддинов ва ваколатдори ин шуъба майори милиса Элвис Саидкалонзода омузгорону донишҷуён иштирок намуданд.
Зимни мулоқот бо донишҷуён Ректори донишкада дотсент М. Фозилзода иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷавонон шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоишта фароҳам оварда шуд.
Зикр шуд, ки ҷавононро месазад дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ рӯй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои Ватану сарзаминамон хизмат намоянд.
Дар ҷамъомад, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳаргуна ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон дастурҳо дода шуданд.