«ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ» — БАРДОШТ АЗ АЗ МУЛОҚОТ БО ДОНИШҶУЁН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии мамлакат баён доштанд, дар толори Донишкадаи мо  ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад мудири шуъбаи тарбия Азизов Қ. Ва ва ҷавонони фаъоли донишкада  иштирок намуданд.

Зимни мулоқот бо ҷавонон мудири шуъбаи тарбия Азизов Қ.  иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиёсат донишкада  торафт зебову шукуфон гашта, ба донишҷуён шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоишта фароҳам оварда шуд.

Зикр шуд, ки ҷавононро месазад дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ рӯй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои Ватану сарзаминамон хизмат намоянд.

Қурбонҷон Азизов оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат сухан карда, гуфт: «Дар 27 соли охир ҷиҳати таъмини зиндагии арзандаи сокинон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба мақсадҳо қарорҳои дахлдор қабул намуда, дар ин самт қадамҳои устувор гузошт. Аз ҷумла бо ин мақсад Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ дар баробари расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд».

Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди стратегӣ, нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

«Амалишавӣ ва татбиқи босамари иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки сайёҳону меҳмонон ба кишвари мо бештар ҷалб гардида, аз таъриху фарҳанг ва маданияту маърифати халқи тоҷик бархурдор шаванд», — гуфт Азизов

Дар ҷамъомад, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳаргуна ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон дастурҳо дода шуданд.

Муҳамадҷомӣ Бобоҷонов,

донишҷуи соли сеюми факултети металлургияи ДКМТ