Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон бо ҷавонони фаъол иштирок намуданд

Дар мулоқоти имрӯза, ки дар заминаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони фаъол баргузор гардид.
Дар мулоқот нахуст раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Раъно Ҳошимзода суханронӣ намуда, ҷавононро табрику таҳният гуфтанд.
Ҳамзамон, дар мулоқоти имрӯза сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хисравшоҳ Исмоилзода суханронӣ намуданд.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ба 30 нафар фаъолҷавонон-донишҷӯёни Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон, филиали коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, хонандагони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ва муассисаҳои таълимии шаҳр стипендияи раиси шаҳри Бӯстон, ба 10 нафар донишҷӯёни Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон гувоҳномаи иштирок дар ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ва ба 50 нафар кормандони ҷавони пешқадами соҳаҳои мухталиф ва ғолибони олимпиадаҳои гуноггсатҳ сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

Шуъбаи иттилоот