ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТУ ШУҶОЪ- ПОРАЕ АЗ ХУНИ СПИТАМЕНУ ВОСЕЪ

Ватани мо Тоҷикистони азизу биҳиштосо сарзамини муқаддас ва қадамҷои буқзургону нобиғаҳост, ки имрӯз ҷаҳониён моро ҳамчун насли Сомониву Спитамен, Афшину Деваштич ва Восеъ мешиносанд ва мо низ бояд дар ин роҳи қаҳрамонӣ аз ин бузургон камӣ надошта бошем ва вориси ҳақиқии ин қаҳрамонон будани хешро исбот намоем.

Зеро на ба ҳар кас чунин бахт насиб гардидааст, ки худро вориси Спитамену Восеъ бихонад ва аз гузаштаи хеш ифтихор намояд. Дар ҷаҳон гузаштагони мо аз беҳтарин ҳомиёни сарзамин буданд ва намунаи ибрат барои дигарон низ то ба имрӯз ҳастанд, ки ин боиси ифтихори мост.

Насли ҷавон ҳам  имрӯз бояд исбот созанд, ки онҳо воқеан ҳам мӯҳраи қаҳрамонон ҳастанд ва ҳамон корнамоии бузургонро метавонанд барои ҳифзи номи миллат ва сарзамини муқаддас тарор созанд. Зеро осудагиву оромии миллат ва Ватан аз сарбозони шуҷоъи он вобаста аст, ки гумон мекунам, ки  ҷавонони мо низ барои иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, нишон додани номуси мардонагӣ омодаанд дар сафи Артиши миллӣ қарор гиранду Ватанро аз бегонанон ва душманон ҳифз намоянд.

 Имрӯзҳо тибқи одати маъмул ҷавонони ВМКБ аз аввалинҳо шуда, сафи даъват ба Артиши миллиро иҷро намуданд. Албатта, ин иқдоми беҳтарин ва намунаи олии ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон мебошад.

Ҳамчунин дар ин росто ҷавонони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд низ аз аввалинҳо шуда, кӯшиш намуданд, ки маъракаи даъватро аз ҳама пештар иҷро намоянд ва инҳо низ ба мақсад расиданд, ки ин иқдом хеле наҷиб ва шаҳодат аз муҳаббати беандозаи ҷавонон ба ин Ватани маҳбуб мебошад.

Иқдоми пешгирифтаи ҷавонони ВМКБ қобили дастгириву таҳсинхонист. Зеро ин ҷавонон тавонистаанд, ки дар  муддати кутоҳ масъулияти шаҳрвандии худро дарк намуда, ба  саффи қувваҳои мусаллаҳ баҳри ҳифзи марзу буми ин Ватан ва сарзамини аҷдодӣ  сафарбар гардиданд, ки ин аз мардонагиву ҷасорати баланди  ҷавонони ин минтақа шаҳодат медиҳад.

Ҳамзамон дар ин давра ҷавонони Чоркӯҳ ва Ворух низ аз пешгомони ин маъарака шуданду ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд, ки ин аз шуҷоати баланди ин ҷавонони огоҳ ва меҳанпарвар дарак медиҳад.

Қайд кардан зарур аст, ки марде ки аз мактаби мардонагиву шуҷоат мегузарад аз   ӯ ҳамеша сарбози ифтихории бошараф ном мебаранд, ки ин номи хеле баланд аст.

Ҳоло замона аз мо тақозо мекунад, ки новобаста аз шароити мавҷуд ва вазъияти ором бояд ҳамеша дар ҳолати омодаву дифоъ аз Ватан қарор дошта бошем.  Зеро хавфи ҳамлаи душман ҳамеша бар минтақа ҳаст ва бояд ҷавонон дар сафи пеши ин аксия ё худ ҳолаи дифоӣ қарор дошта бошанд, то тавонанд кишварро аз чашми душман нигоҳ доранд ва ҳифз намоянд.

 Аз ин рӯ, мо бояд барои ҳифзи ин ватани маҳбуб ва кишвари азизамон талош варзем ва аз мактаби мардонагӣ бигзарему барои дифои ин сарзамини муқаддас, ки номи муборакаш Тоҷикистон аст, камар бибандем.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ