Имрӯз, пас аз ҷаласаи раёсати донишкада барои вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Муҳаммад ба кормандон дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи имрӯза дар мавриди корҳои ободонӣ ва тозаву покиза нигоҳ доштани ҳавливу атрофи донишкада сухан ронда, Ҷабборзода Муҳаммад қайд намуданд, ки дар давраи тобистон бояд ҳама кормандон фаъолияти хуб нишон диҳанд, то ҳама сабзазорон аз мадди назар дур намонад.
Ҳамзамон, ҷиҳати ҳифзи молу мулки донишкада ва риояи тартибот низ чанд нуктаро таъкид намуданд.
Муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода М. ба масъулин ҷиҳати гузаронидани корҳои тозакорӣ дар бинои донишкада ва ҳамчунин ба роҳ мондани усулҳои эҳтиётӣ ҷиҳати пешгирии ҳар гуна маризиҳо ба масъулин вазифагузорӣ намуданд.
Қарор аст, ки то 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳама гуна корҳои созандагӣ ба итмом расанд ва барои донишомӯзон шароит беҳтар гардад.
Шуъбаи иттилоот