ҶАВОНОН, ИСТИҚЛОЛИЯТ, ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Дар доираи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2022, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо иштироки масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бустони вилояти Суғд мулоқот доир гардид.

Дар вохӯрӣ Раҳимзода Умед – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Умарҷонов Абдусафо Абдунаимович – муовини Ректор оид ба илм, иноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ (профессор) Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Исмоилзода Хусравшоҳ-мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон дар вилояти Суғд иштирок намуда, вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлати ҷавонон, дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои ҷавонпарвару муаззами миллат баҳри ҷавонон, саҳми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, аз худ кардани илму донишҳои муосир, ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, имкониятҳои сомонаи Joikor.tj, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирии нашъамандӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Вохӯриҳо бо усули факулта ба факулта дар доираи бандҳои дахлдори нақшаи болозикр, мунтазам идома дода мешавад.