Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ омӯзгорону донишҷӯёнро дар толори калони донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат асту дар сатҳи хеле баланд таҷлил намудани он шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву озодӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад. Он чӣ таҷрибаи таърих ба мо мегӯяд ва он чӣ аз фарёди бефарёдраси гузаштагонамон тайи ҳазор сол ба гӯш мерасад ва қалбҳоро такон медиҳад, ин ҷомаи амал напӯшидани орзуи давлатдорӣ буд, ки хушбахтона, Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ин орзу ва хостаҳои миллатро бароварда созанд ва давлати навини тоҷикро аз варта наҷот диҳанд ва ба миллат саодат ва хушҳолӣ бахшанд.
Масири миллат имрӯз муайян гардидааст ва мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар саргаҳи равандҳои давлатсозӣ абармарде ҷилвагар аст, ки ҳамагонро муттаҳид сохт ва хишти давлати навини тоҷиконро гузошт, ки ин барои мо марҳилаи сарнавиштсоз ва таърихист.
Ҳамзамон дар чорабинӣ аз хидматҳо ва ҷонфидоиву саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди маорифи кишвар гуфта шуд.
Шуъбаи иттилоот