Имконияти иштироки мардум дар ҳаёти сиёсӣ бевосита ба тариқи интихобот сурат мегирад, ки як навъи олии раванди демократии ширкат дар ҳаёти сиёсӣ мебошад. Имрӯзҳо маъракаи пеш аз интихоботии вакилон идома дорад ва аллакай барномаҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар дасти мардум қарор дорад ва ин як навъ рукни асосии интихобот мебошад.
Албатта дар ин давра ҳамаи ҳизбҳои сиёсии фаъол дар кишвар барномаи худро ба мардум пешниҳод кардааст ва ҷомеа ҳам ҳамон барномаеро қабул мекунад, ки ба арзишҳои миллӣ ҷавобгӯ бошад. Ҳоло ягона ҳизбе, ки аз имкониятҳои иҷтимоӣ фаротар рафта дар ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ дар барномааш сухан гуфтааст, ин ҲХДТ мебошад. ҲХДТ ягона ҳизбе ҳаст, ки дар дурнмаои барномаи худ аз ҳифзи асолати миллӣ ва арзишҳои муҳим барои миллат сухан рондааст ва ин як навъ роҳ барои оянда мебошад.
Зеро ягона ҳизбе, ки бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангӣ ҳифзу асолати фарҳангро муҳимтар донистааст ва барои ҳимояву ҳифзи он барнома таҳия кардааст ин ҲХДТ мебошад, ки ин қобили таҳсин аст.
Дигар ҳизбҳои сиёсӣ бештар ба беҳтар намудани ҳолати иҷтимоӣ ва бавуҷуд овардани шароити зисту зиндагонӣ сухан рондаанд, ки дар масъала хеле барвақт ҲХДТ гуфта буд.
Ҳоло ягона ҳизбе, ки пурра аз равандҳои демократӣ барнома сохтааст ва барномаи ин ҳизб ҳам ягона барномае ҳаст, ки дар баҳодиҳӣ ҳамчун барномаи универсалии як ҳизб, яъне ҲХДТ дониста мешавад.
Ҳоло агар аз таҷрибаи ин ҳизб ҳам сухан ронем ба чунин хулосае мерасем, ки воқеан ҳам ХҲДТ тавонист дар як муддати кӯтоҳ раванди созандагиву ободкориро ба таври густарда пеш гирад ва дар ободиву сарсабзиву гулгулшукуфоии кишвар саҳм гузошт, ки ин ҳам як намунаи фаъолияти олӣ ва ё фаъолияти пурсамари аъзоёни ин ҳизб мебошад.
Аз ин ҳамин нуқта аллакай маълум кардан мумкин аст, ки мардум бештар ба тарафдории ҳамон ҳизбе овоз медиҳад, ки барои миллат коре анҷом дода бошад ва дар ҳолномаи худ аз дастовардҳои беназир иқтибос оварда бошад, ки дар ин масъала мо метавонем бевосита ҲХДТ мисол оварем, ки хеле дар рушди кишвар саҳми босазо ва бузург гузоштааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон ҲХДТ ягона ҳизбе ҳаст, ки тавонистааст, ҳамчун як ҳизби сиёсӣ барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум талош намояд ва корҳои назаррасеро анҷом диҳад.
Аз ин лиҳоз тарафдорӣ аз ҲХДТ ба манфитаи кор ва рушди ояндаи дурахшони кишвар аст ва ҳар як сокини кишвар бояд ин хизматҳо ва талошҳои ин ҳизбро ба инобат гирад.
М. Абдусаломов
Омӯзгори ДКМТ