ҲХДТ АЗ ҲИЗБҲОИ ПЕШСАФ ДАР ҶОМЕА

Дар замони муосир ҳаёти сиёсиро бе иштироки қувваҳои бузург ва ё таъсиргузор тасаввур кардан ғайри имкон аст. Зеро танҳо ҳамон гурӯҳҳое метавонанд, манфиати миллиро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя кунанд, ки худ аз ин огоҳ бошанд ва бо бузургиву шаҳомат шинохта шуда бошанд. Дар мисоли ин гуна қувваи миллатдӯст ва меҳанӯст мо метавонем аъзони ХҲДТ-ро ёдрас шавем, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳ мардумро ба ҳаёти сиёсӣ наздик созад ва кишварро аз бунбаст раҳо намояд. Ҳамчунин дар бисёре аз кишварҳои олам нақши муассири кишвар ва миллатро муаррифӣ кард.

Ҳоло ягона ҳизбе, ки дар миёни ҷомеа ҳамчун ҳизби фидокор ва башардӯсту иҷрокор шуҳрат дорад ин ҲХДТ мебошад, ки барномаҳояш аллакай дастраси ҷомеа мебошад. Ва аз ҳамин барномаи ҳизб ҳам чунин хулоса намудан мумкин аст, ки аъзоёни ин ҳизб бештар ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ба вуҷуд овардани ҷойҳои кории нав, сохтмони корхонаву иншоотҳои азими ёрирасон ба хоҷагии халқ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав дар роҳи рушд  талош намудаанд, ки ин дар шароити кунунӣ хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ҳамон гуна, ки файласуфе мегӯяд: “Ҳизбҳои сиёсии пурқудрат ба мо дар зиндагӣ илҳом мебахшанд ва роҳи зиндагиро сабз мегардонанд”

Воқеан ҳам ҲХДТ ба мо дар зиндагӣ илҳоми тоза медиҳад ва роҳи фардои зиндагиро муайян месозад ва барномаҳояш бошад барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ мусоидат менамояд.

Ҳоло ҷомеаи кишвар ба асри нави зиндагӣ қадам мегузорад, ки моро дар ин мутобиқшавӣ ба асри нав ҲХДТ ҳамроҳӣ мекунад ва дар ин роҳ мо муваффақиятҳои бештаре дорем, ки ин ҳам пирӯзиву бахти миллати тоҷик аст.

Таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки аз лиҳози фарҳангӣ ва маънавӣ пурқудрат бошем ва ҷиҳати саводнок гардонидани ҷомеа имрӯз аз ҷониби ҲХДТ бисёр ҳам корҳое муҳими анҷом дода шудааст, ки ин ҳам навъе ҳимоят аз фарҳанг ва сохти иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Дар умум ҲХДТ-ро аз ҳизбҳои созанда ва бунёдкору башардӯст номидан ҳам аз мақсад холӣ нахоҳад буд, зеро барномаву ҳадафҳои ҳизб бо нақшаву ниятҳои шаҳрвандон тавъам аст ва ин як ҳамфикриву ҳаммаромии миллатро бо ҲХДТ ифода мекунад, ки ин шакли корбарӣ дар асри нав хеле камназир аст

Ф.Ёқубов

Омӯзгори ДКМТ