Имрӯзҳо садҳо ва ҳазорҳо вокунишҳову мақолаҳо дар расонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ оид ба терроризм ва экстримизм манзури тамошобинону хонандагон мавҷуд аст. Ин муаммоест, ки ягон нафарро наметавонад бетараф бимонад. Гуфтан мумкин аст, ки 70 фиссади ҷаҳон хатари онро дарк мекунанд боқимонда фиссад бошад бетарафанд ё фикр мекунанд, ки ин муаммо ба онҳо дахл надорад.
Ин падида низ мисли вирусе, ки тамоми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, яъне ба COVID-19 шабоҳат дорад. Агар роҳи инро нагирем оянда чӣ хоҳад шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала хело фаъол аст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин харакатҳои ифротгароӣ ва тундгравоиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва оид ба ин хатарҳо доимо тавассути ахбори омма мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд.
Қишри осебпазири ҷамъияти мо ин ҷавонон мебошанд, зеро майнаи ҷавону тозаи онҳоро гумроҳ кардан хеле осон аст.
Пас моро месазад ҷавонони худро, ки Сарвари давлат ояндаи мамлакат меҳисобанд, аз ин роҳи бад эмин нигоҳ дорем.
Аз ин рӯ коршиносон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ингуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ахбори омма сурат гирад. Терроризм бештар дар ҳолатҳои гузариши ҷамъиятию сиёсии ҷомеа ва давлат рух медихад. Доираи кирдорҳои террористӣ васеъ гардида, роҳу воситаҳои амалигардонии онҳо низ нав шудааст. Даҳшати терроризм имрӯз ҷаҳони муосирро ба ларза оварда, амнияти инсониятро таҳти хатар гузоштааст. Аз ин рӯ хар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ҷавонон бояд барои амнияти кишвар ҳамеша ҳушёр бошанд. Барои пешгири ва бартараф намудани экстремизму терроризм усулу воситаҳои ошкору ниҳонро бояд оқилона истифода намоянд. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷҷати бисёр муҳим «Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ дар ҶТ барои давраи то соли 2020 қабул карда шуд. Яъне ин ҳадаф як мушкилоти маҷмӯи буда, сабабҳои он сарзадани ин масъала ҳам иктисодӣ ва ҳам омилҳои ғайрииқтисодӣ, яъне иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ба паст будани саводи диниву дунявӣ робита доранд.
Солҳои охир масъалаи мубориза зидди терроризм дар сиёсати чаҳонӣ рӯзмарра гаштааст. Терроризмро ҳамчун тахдиди рӯирост ва хатарнок ба давлатҳои муосир аксари сиёсатмадорон эътироф менамоянд.
Бархе аз ҷавонон саводи дини надоранд дур аз ватану волидон бо шунидани вазъҳои имом хатибони ифротӣ ба доми фиреб афтодаанд. Барои пешгири намудани чунин раванди номатлум бояд дастаҷамона кор намуда ҷавононро дар руҳияи ватандусти ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористи ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле таъсир расонида истодаанд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд бо Ватан, миллат давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онхо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Валиева М.Н.
мудири шуъбаи аспирантура
ва магистратура