ҲНИ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ – ТЕРРОРИСТӢ ЧУН МАЗРАИ БЕҲОСИЛ

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон қайд карданд, ки «тероризм ватан,миллат ва мазҳаб надорад».

 Ба ин суханони сарвари давлатамон  ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо баъди ба анҷом расониданни амалҳои террористӣ дар шаҳри Ню-йорки  ИМА аҳамияти ҷиддӣ доданд.

  Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми динӣ ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.                                                                                                                    Чуноне,ки аз расонаҳои  иттилоотии  ҷаҳонӣ  бар меояд солҳои  охир иллати сар задани падидаҳои номатлуби хатари тафриқаандозӣ дар байни мусалмонон ва пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда дар ҳаққи давлат ва паҳн кардани ин матлаби  ғаразона дар шабакаҳои иҷтимоӣ  дар байни  ҷавонони  ноогоҳи кишварҳои мухталиф  боиси ба гурӯҳҳои  террористӣ-экстремистӣ  шомилшавии онҳо гардид ва бадбахтона  ҷавонони  тоҷик низ фирефтаи ин гурӯҳҳо  гардиданд.Ин падидаи номатлуб ҳар як шарҳванди бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад.Чуноне, ки  сиёсатшиносон кишвар қайд мекунанд ,воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар садади нобудӣ қарор дод, натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва бархе аз гурӯҳҳои фурсатталаб гардидани мардум ва уламои динӣ бо бегонапарастӣ, бесаводӣ ва аъмоли тахрибкорона буд. Дар ҳоле ки худи ин гурӯҳ пайваста бо хурофоту таассуб баромад карда, ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва шахсиро аз манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ месозанд. Баъди соҳиби истиⱪлолият шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони дохилӣ ва хориљи кишвар бо сарварии саркардаҳои ҲНИТ байни минтаⱪаҳои гуногуни он низо ва кинаву адоватро  паҳн карданд.Дар натиҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оѓоз шуда, дар давлат бесару сомонӣ ва беҳукуматӣ ба вуҷуд омада, тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардид.

     Чуноне,ки ба ҳамагон маълум аст Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 “ҲНИТ” -ро  ҳамчун  ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд. Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар асл, роҳ сӯйи терроризм ва экстремизм аст. Хатарҳои он мазмуну муҳтавои тундгароиро дошта, ба кишвар таҳдид мерасонад. Азбаски дар Тоҷикистон дигар ба ин ҳизби ифротгар касе  таваљљӯҳ  надорад ,акнун онҳо фаъолияташонро  дар хориљи кишвар ба роҳ  мондааст. Масалан  мувофиқи иттилооти  расонаҳои хабарии мақомоти Хадамоти федеролии амнияти Россия соли 2018  дар як деҳаи вилояти Кемеровo шаш нафар зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми паҳн кардани ақидаҳои ифротии исломӣ дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, баъзе аз онҳо узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буда, аз ҳамфикронаш як гурӯҳи муташаккил сохтааст. Пайравони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротии исломӣ ва бо худ доштани теъдоди зиёди адабиёти ифротӣ, ки ёфт ва мусодира карда шудааст, дастгир кардаанд. Аъзоёни фирории ҲНИТ, ки ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ дар хоки Россия қарор доштанд, таҳти таъсири китобҳо ашхоси маҳаллиро низ ба доми фиреб кашидаанд. Ҷараёни бошиддати фаъолияти ТЭТ ҲНИТ ба кишвари мо таъсири манфӣ расонида, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одати бегонагонро ворид сохт, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф намуд. Натиҷаи он ҳама вақт манфӣ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур, эътироз ва муқобилиятро ба миён овард. Аъмоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ гардид.Дар дигар иттилоияи мақомоти Хадамоти федеролии амнияти Россия  ҳамчунин гуфта мешавад: «Яке аз аъзои ин гурӯҳ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, ба сабаби мавқеи мазҳабии тундравонааш таҳти таваҷҷуҳи мақомоти вижаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қарор доштааст. Баъди ба қаламрави Россия омаданаш, ӯ аз ақидаҳои худ даст накашида, як доираи собити ҳамфикронашро, ки низ аз чунин ақидаҳои мазҳабӣ тарафдорӣ мекунанд, ташкил кардааст».Дар Россия дар байни адабиёти аз манзилҳои пайравони наҳзат ёфтшуда, китоберо бо номи «Дин ва сиёсат» бо акси раиси Ҳизби наҳзати исломӣ – Муҳиддин Кабирӣ дидан мумкин аст. Дар  баъзе аз давлатҳои дунё ба монанди  Туркия  ва давлатҳои  аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ  ҲНИТ  ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон шудааст. Мувофиқи иттилои  Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон-“Ховар” давлати  Туркия аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро аз қаламраваш бадарға кард. “Ховар” ин хабарро аз қавли Алӣ Азизоғлу, корманди Вазорати корҳои дохилии Туркия нашр карда, афзудааст, “мақомоти онҳо дастур гирифтаанд, ки тарафдорони ҲНИТ-ро дар қаламрави Туркия дубора роҳ надиҳанд”. Манбаъ аз қавли Алӣ Азизоғлу илова намудааст, ки мақомоти Туркия таърих, фаъолият ва сохтори ҲНИТ-ро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҲНИТ воқеан ҳам ба Ҷумҳурии Туркия хатари ҷиддӣ дошта, аз созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюлен фарқе надорад.

    Соли 1997  баъди байни мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи истиⱪрори сулҳ баста шудан , як маротиба ба ин ҳизб имконият дода шуда буд,ки рафторашро нисбат ба ҳукумату давлат дигаргун кунад, мувофиⱪи он  ба намояндагони мухолифин 30% вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуд. ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динидошта қонунан фаъолияткунанда пазируфтан ба он имкон дод, намояндагонаш дар мақомотҳои мухатлифи давлатӣ аз ҷумла ниҳодҳои қудратӣ, ба вазифа таъйин гарданд, ки ин як навъ пайванд ёфтани дину сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Вале ҲНИТ дар низоми давлатдории дунявӣ, ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонуни касб карда, тавонист аз тариқи матбуоти расмии худ идеяи исломи сиёсиро пайваста тарғиб намояд. Ва минбаъд аз ҳамин роҳ ин ҳизб тавонист низоми давлатдории дунявиро бадном созад ва аз мақомоти қонунгузорию қудратӣ барои амалисозии андешаҳои динӣ-сиёсии худ суистифода карда, бо ҳамин амалҳо созишномаи сулҳро, ки мувофиқи он ҲНИТ давлати дунявиро эътироф карда буд, поймол кард. Баъди вафоти роҳбари онвақтаи ҲНИТ Саид Абдуллои Нурӣ муносибати аъзоёни ин ҳизб бо ҳукумат дигаргун шудан гирифт ва он  боиси ошӯби ҲНИТ бо сардории ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар шаби 4-уми сентябри соли 2015 гардид. Бояд қайд кард, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллӣ мақоми қонунӣ дода буданд. Ҳоло сулҳу субот дар кишвар пурра барқарор аст ва мардуми кишвар рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳодаанд. Дар чунин шароит мардуми кишвар ба як исломи муътадилу созанда ва ба арзишҳои исломӣ ҳамчун фарҳанги волои маънавӣ-ахлоқӣ ниёз доранд, на ба исломи сиёсӣ, ки метавонад дар қатори дигар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар хизмати нерӯҳои манфиатхоҳ дар минтақа қарор гирад.Чуноне,ки аз ахбороти шабакаҳои иљтимоӣ бар меояд  руйдодҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 собит кард, ки дини ислом дар зоти худ ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. Ҳизбсозию сиёсисозии ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо даст ба ҳамагуна кирдорҳои зишт, ба мисли барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи мусаллаҳона миёни мусулмонон, мезананд.Кори имрӯзи Кабирӣ дар хориҷи кишвар ин рафтори «пешвоёни» ҳизби диниро хиёнат ба миллату ватан ва бовару эътиқоди мардум номидан мумкин аст. Роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён фақат зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини исломро коҳиш медиҳад. Таҳлил фаъолияти ҲНИТ тӯли чанд соли охир ва муҳтавои маводи сомонаҳои ба ин ҳизб таалуқдошта нишон медиҳад, ки дини ислом барои онҳо танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ мебошад. 

    Талошҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри гул-гулшукуфии мамлакатамон имконият намедиҳад, ки  дигарбора мардуми шарифи тоҷик фирефтаи дасисабозиҳои ин ҳизб гарданд.

 

Fафоров Содирҷон,

   омузгори калони 

кафедраи фанҳои табиӣ-илмии  ДКМТ