ҲНИ – МАҚСАДҲОИ НОПОКИ ХУДРО АМАЛӢ НАХОҲАД КАРД

Имрўзҳо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ба монанди Ҳизби Наҳзати ислом, Анҷумани озоданшеии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои пайдо шуданд, ки аз нооромиву беамнии кишвари мо ҳарф мезананд. Худ дар ҳамин Ватан калон шудаву аз обу ҳавои он нафас кашида, имрӯз ба алайҳи он санги маломат мезананд. Ин аз бефарҳангиву бемаданиятии чунин шахсон аз ҷумла ба мисли Муҳиддиин Кабирӣ ва хоҷагону пайравонаш дарак медиҳад. Шахси комил ва соҳибақл наметавонад ба алайҳи Модари хеш чунин кунад. Ватанро имрӯз бузургонимо ба унвони модар ташбеҳ додаанд, ки дар воқеъ дуруст аст.

Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш чунин амалҳои номаҳрамро раво мебинадфардо дар назди миллату халқ ҳатман ҷавоб хоҳад дод. Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки имрӯз бисёри аз чунин шахсон дастгир гардида, дар назди қонун ҷавоб гуфа истодаанд.

Мақсади чунин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ аз он иборат аст, ки миллати тоҷикро пароканда намуда, худ дар сари қудрат нишаста, мақсадҳои нопоки худро амалӣ намоянд.

Фаъолияти ТЭТ ҲНИбешубҳа аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон ба роҳ монда шудаст. Бахусус ҳамаи он харобкорӣва кушторҳое, ки дар солҳои нотинҷӣ алайҳи миллати мо сар зада буд, бо дастгириии хориҷиён, ки ҳамагон кӣ будани онҳоро медонанд ва даст доштани ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба ҳисоб мерафт. Чунин шахсон фикр мекунанд, то охир ба мақсадҳои ғаразноки худ мерасанд. Албатта, хатои бузург хоҳанд кард.

Мо имрӯз суханҳое, ки ин нафарон беруна аз кишвар нишаста чун тарсуҳо мегӯянд маҳкум намуда, бар алайҳи чунин нафарон то ҷон дар бадан дорем, баҳри пешрафт ва гул – гул шукуфоии ватани азизи хеш саҳм хоҳем гузошт. Намегузорем, пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.

 

Шодмон Нурматов,

корманди маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ