Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 дар саросари кишвар руҳияи идона барои халқи тоҷик ҳадду канор надошт. Ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва ифтихор аз ватандориву давлатдории миллӣ таҷлил карда мешуд. Ин рӯйдоди муҳим бо баргузор гардидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ба истифода додани объектҳои иҷтимоӣ ва гузоштани санги асос ба иншоотҳои муҳимӣ ҷамъиятӣ алоқаманд буд. Ҳамчун шаҳрванди давлати соҳибистиқлол, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф гардиданд зарур мешуморам аз ҳуқуқи конститутсионии худ, яъне озодии сухан истифода намуда перомуни як чанд масъалаҳо ибрози ақида намоям.
Муддате мешавад аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ба мисли ҲНИ дар ВАО ҳар гуна маводҳои иғвоангез нашр гардида истодаанд. Ин хоинони миллат пешравиҳои халқи тоҷикро дар сомонаҳои интернети дида, аз хоҷагони хориҷии худ мисли хонандаи 2-хон дашном мешунаванд ва аз кинаву адоват, рашку ҳасад хурдан барои пешравии Тоҷикистон ба мисли саг дар сомонаҳо бо ном ватандор ҳакос мезананд.
Албатта боиси шарм аст, ки чунин амалҳо аз ҷониби шаҳрвандони гумроҳ, бефарҳанг ва ба пулу моли хориҷиён додашуда содир карда мешаванд. Эй хоинони миллат шарм доред, ҳеҷ кас аз гуруснаги намурдааст, аммо шумо ватанфурушон нафси худро дошта натавониста тарсидед,ки аз гуруснагӣ мемиред ва ватани ҷавони худро аз пушти нафсатон фурухта зархариди хоҷагони хориҷиатон гардидед. Шумо ватанфурушонро ҳеҷ гоҳ обу хоки ватан намебахшад зеро шумо хоинон нону намаки ин ватанро хурдеду баргашта ба намакдон туф кардед.
Таърих гувоҳ аст, ки хиёнаткоронро на қонун мебахшаду на ҷомеа, аммо шахсони Ватандӯст ҳамеша гиромӣ дошта мешаванд. Шахсиятҳое ба мисли Муқаннаъ, Спитамен, Темурмалик ва дигарон бар зидди душманони миллат бархеста ҷони худро дар роҳи озодӣ ва ҳифзи сарзамини худ дареғ надоштанд. Имрӯз мардуми тоҷик дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро пеша намудаанд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф гардидааст. Азму ирода ва мақсадҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мардум сарҷамъ, осудаву озод ва боумед ба ояндаи нек ҳаёт ба сар мебаранд. Аммо чунин ҳолат гуруҳҳои хиёнатпешаву манфиатҷӯи террористиро осуда гузошта наметавонад. Онҳо ба ҳар васила ба ин ҳама пешравиҳо чашм пӯшида, сиёсати имрӯзаи давлатро ба фикри кӯчаки худашон “зери танқид” қарор дода, худро пеши хоҷагонашон “ширин” менамоянд
Воқеан хандадор ва шармовар аст,ки раиси ҲНИ террорист Муҳидин Кабири худро боз раиси Паймони миллӣ унвон кардааст, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонд, радди маърака шуданд ва ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеаи солим нодаркор гаштанд, худашонро аввал пора-пора карданд ва баъд боз байни пораҳои худ “паймон” бастанд. Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кадани фазои сиёсии Тоҷикистон ва аз хоҷагони хориҷиашон боз як маоши маблағ гирифтан асту халос.
Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва халқи тоҷик намехоҳад,ки дубора он рӯзҳои вазнинро пеши назар биёрад некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои пучи ин бадхоҳон аст.
Дар баробари як қатор ҳодисаву воқеаҳо, аз ҷумла кӯшишӣ табадулоти ҳарбӣ, соли гузашта воқеаҳои нангини дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб рухдода, ки наҳзатиён содир намуданд, боиси тааҷӯби мардуми кишвар гардид. Дар куҷо дидаед, ки тоҷик меҳмони худро бикушад. Наҳзатиён бо ин амали нангинашон дигарбора собит кардаанд, ки заррае аз ҳуввияту асолати милливу имонӣ дар вуҷудашон нест.
Умуман, дар тамоми нооромиҳое, ки дар муддати ин 28-сол дар Ҷумҳурии тозаистиқлоли мо ба амал омада бошад, пайи пойи наҳзатиёни хоинро дидан мумкин аст.
Амалҳои чунин гуруҳҳо аз аввал хиёнаткорона буд. Онҳо сараввал номи исломро дар ҳизби худ сӯистифода намуда, бо ин роҳ мардумро, ки муддати зиёд аз ислом ва дин маълумоти зарури надоштанд истифода намуданд. Аммо бо гузашти вақт мардум исломро бо маънои томаш дарк намуд ва аз ин ҳизб даст кашид. Зеро дини ислом ба ягон гуна ҳизб эҳтиёҷ надорад. Ҳатто намояндагони воломақоми онҳо аз кардаи худ пушаймон гардида, иқрор шуданд, ки амалҳои онҳо аз ҷониби хориҷ маблағгузорӣ карда шуда, ҳадафҳои дигарро пайгирӣ менамуд.
Як ҳолат равшанӣ андохтанро талаб менамояд. Аз ҳисоби кадом сарчашмаҳо роҳбарони ин ҳизби террористӣ дар давлатҳои Аврупо зиндагӣ менамоянд. Барои рӯзгузаронӣ сарчашмаи молиявӣ лозим аст. Ҳол он, ки дар давлатҳои Европа дар қиёс бо Тоҷикистон зиндагӣ намудан ба маротиб гаронтар аст. То ҷое маълум аст, роҳбарони ҲНИ тули зиёда аз 15 сол дар мақоми вакили Парлумон кору фаъолият намудаанд. Қонун ба онҳо ба ҷуз аз фаъолияти илмию эъҷодӣ ва омӯзгорӣ дигар намуди фаъолияти соҳибкориро иҷозат надодааст. Пас маълум мегардад, ки дар рафти фаъолияти кории худ онҳо талаботи қонунро вайрон намудаанд, ё аз ҷониби дигарон барои ноором сохтани вазъ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд.
Беватан нест ғарибе,ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.
Муслимзода Хайём
Шаҳбоз Насриддинов