Муносибати дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ нисбат ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ сахт нигаронкунанда ва такондиҳанда аст. Аҷибтар аз ҳама он аст, ки САҲА худро яке аз созмонҳои адолатпеша ва муҳофизи ҳуқуқи башар ҳисобида, дар баробари ин гоҳо амалҳое анҷом медиҳад, ки хилофи арзишҳо ва принсипҳои ин созмонанд. Махсусан, дар ҳамоишҳои солонаи ин созмон оид ба ҳуқуқи инсон, ба фаъолони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ додани имконияти иштирок ва суханронӣ басо тааҷҷуббарангез ва боиси таассуф мебошад.
Ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ солҳои 90 – уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба фаъ-олият оғоз карда, сабаби ҷангу хунрезӣ гардид ва низоми сиёсию иқтисодии кишварро фалаҷ намуд. Қобили зикр аст, ки ин ташкилот аз бунёд зидди озодии инсон ва ҳуқуқи башар мебошад. Амалҳои роҳбарият ва фаъолони ин ҳизб чи дар даҳаи охири асри гузашта ва чи пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати мо равона гардидаанд. Куштори шумораи зиёди зиёиён ва озодандешоне, ки ба онҳо аз ҷониби саркардагон ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ тамғаи кофар зада шуда буд, далели гуфтаҳои болост. Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст. Ҳамин буд, ки дар он солҳо гурӯҳҳои ҷангию террористии худро созмон дода, бо хашинтарин шеваҳо мардумро таҳқиру қатл ва ғорат намуданд.
Пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, гарчанде роҳбарияти ТТЭ ҲНИ зоҳири хешро иваз намуда, худро ба ҳайси як созмони демократӣ ба намоиш гузошта бошад ҳам, вале аз бартариҷӯии динию мазҳабӣ ва шеваи хушунат, ки ҳамеша зидди озодиву ҳуқуқҳои башаранд, даст накашид.
Наҳзатиҳо пайваста тариқи расонаҳои хабарии хеш мекӯшиданд, то ҷомеаро мазҳабӣ кунанд ва тадриҷан онҳо сабаби рушди хурофот, таассубзадагӣ ва инсонбадбинӣ дар ҷомеа гардиданд. Фаъолони ТТЭ ҲНИ фалсафаи ҷиҳоду шаҳодатро таблиғ намуда, сабаби пайвастани ҳазорон нафар ба гурӯҳҳои террористӣ гардиданд. Инчунин, онҳо дискриминатсияи ҷинсиро таблиғ намуда, фаъолияти занонро дар ҷомеа маҳдуд мекарданд, бо роҳи таблиғи арзишҳои асримиёнагии мазҳабӣ занҳоро ба қишри ғайрифаъоли ҷомеа табдил доданӣ буданд. Моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби сарварони ин ҳизб кӯшиши ба вуҷуд овардани кудатои низомӣ ва ғасби ҳокимияти сиёсӣ ба амал оварда шуд. Хушбахтона, мақомоти дахлдори давлатӣ бо такя ба мардуми огоҳи кишварамон пеши роҳи ин хиёнати наҳзатиҳоро гирифтанд, аммо ин амали онҳо далели аз роҳи зӯрию террор даст накашидани ТТЭ ҲНИ буд.
Пас аз табаддулоти нокоми давлатӣ роҳбарони фирории ин ҳизб, ки ҷиноятҳои сангини зиддиинсонӣ содир карда буданд, дар Аврупо паноҳ бурданд ва бешармона ҳуқуқи башарро шиори хеш қарор дода, дар муқобили Тоҷикистон амалҳои манфури худро анҷом медиҳанд. Онҳо аз ин роҳ «дукони тиҷоратӣ» боз карда, худро ҷабрдидаю мазлум нишон медиҳанд ва сармоя ба даст меоваранд. Ин гурӯҳи шайёди дурӯғпеша то он ҷо ниқобҳоро ба рӯи хеш задаанд, ки агарчи дар тӯли фаъолияташон фақат ҳуқуқҳои инсонро поймол кардаанду онро бо роҳи хушунату таҳқир ва ҷисман аз байн бурдан ба барда табдил додаанд, имрӯз дар дили Аврупо ва дар САҲА аз ҳуқуқи башар ва аз ноадолатӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезананд. Аҷиб ин аст, ки намояндагони САҲА дидаю дониста аз ҳамин гурӯҳи террористӣ ва зиддиинсонӣ ҳимоят мекунанд. Вале бояд дониста бошанд, ки ин гурӯҳи фурсатталаб аз ҳадафҳои нопок, терроризм, таҳаммулнопазирии ақидатӣ ҳеҷ гоҳ даст намекашанд. Ҳатто дар муносибтарин фурсат ба аврупоиён ва ормонҳои аврупоӣ, ки яке аз онҳо арҷ гузоштани ҳуқуқи башар аст, хиёнат хоҳанд кард.
Набояд лафзбозӣ ва суханпардозиҳои онҳоро ба ҳайси ҳақиқат пазируфт. Зеро хислатҳои шайёдӣ, маккорӣ, дурӯғпардозӣ аз усули меҳварии онҳост. Аз ин рӯ, САҲА бояд ин гурӯҳро аз назари бунёдӣ, идеологӣ ва амалкардҳое, ки аз замони зуҳураш то ба имрӯз анҷом додааст, мавриди баррасӣ ва омӯзиши дақиқ қарор бидиҳад. Зеро ин гурӯҳи хатарнок ҳар замон метавонад қиёфаи аслии хешро ба намоиш дарорад ва аз ҷониби дигар набояд ба суханбозиҳои сиёсии роҳбарони ин ҳизб, ки айни ҳол аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд ва ба амалкардҳои онҳо ҳамеша дар мухолифат қарор мегирад, зоҳирбинона назар афканд. Инҳо ҳам мисли ҳамон «ДИИШ» – анд, ки айни ҳол аслиҳа надоранд ва аз рӯи зарурат ҳуқуқи башарро шиори худ қарор додаанд.
Эҳсони ИЛҲОМ