ҲИФЗИ МАРЗУБУМИ ВАТАН ОМИЛИ ВАТАНДОРИСТ

Бояд дар назар дошт, ки эътиқоду эътимод ба низоми демократӣ (мардумсолорӣ) ва дунявӣ эътимод ба инсон, новобаста ба тааллуқоти наҷодӣ, қавмӣ-этникӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ мебошад. Соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик озмоишҳои вазнину сангинеро пеш овард.

 Хушбахтона, миллати ватанпарварӣ тоҷик фидокорона, ҷонсупорона ва қаҳрамона аз истиқлолияти худу давлати хеш дифоъ карда тавонист. Тоҷикон бо варвари роҳбарии дурандеши худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти зиёди баъди ҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтаанд.

Миллати тоҷик сохти давлати демократӣ, дунявӣ ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, мақсади асосии интихоби низоми демкратӣ, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, вилояти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад. Мо ба он эътимод дорем, ки танҳо сохти имрўзаи давлати дунявии мо барои амалӣ шудани ормонҳои таърихӣ ва имрўзаи тоҷикон аз ҳар як ҷиҳат созгор аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки чанд рўз пеш дар марзи байнӣ Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаҳои марзӣ ва нофаҳмиҳо ба амал омадааст. Мо мардуми Тоҷикистон дар ягон давру замон нисбат ба ягон қавму миллати дигар бадиро раво надидааем. Лекин барои ҳифзи марзу буми аҷдодии хеш лозим бошад ҷони худро дареғ намедорем. Чунки ин Ватан барои мо азизу муқаддас аст, ҳар зарра хоку, ҳар қатра оби ин ватанро ба мисли гавҳараки чашми худ ҳифз хоҳем кард. Мо тарафдори сулҳу дўстӣ ва якдилию ҳамҷавоҳири мебошем.

Раҳматов А.А.

Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон

Омўзгори кафедари И ва И.,