ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, ВАТАНИ МАҲБУБ ВАЗИФАИ МУҚҚАДДАСИ МОСТ

Чанд рӯз пеш тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуд. Дар филми мазкур яке аз собиқ таъсисгарони ТТЭ ҲНИ Сатторов Аёмиддин асрори зиёдеро оид ба бевосита даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар,тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва давлатдории миллӣ, алоқамандии ин ҳизби террористиро бо хадамоти махсуси кишвари муайн ва зери идора, назорату раҳнамоии онҳо амалӣ шудани ин нақшаҳои зиддитоҷикона, фош сохт.

Дар Донишкадаи қўҳи-муталлургии Тоҷикистон бо иштироки ректор ва ҳайати устодон,профессорон,донишҷӯён ва коллективи  кормандон намоиши филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” баргузор гардид. Филми мазкур оид ба тахрибкорӣ ва ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон қисса карда, аз забони қаҳрамони филм, шоҳиди зиндаи бедодии ТТЭ ҲНИ, яке аз муассисон ва фаъолони ин ташкилот Мулло Аёмиддин муқаллаб ба “Мавлавӣ Аёмиддин”, ки аз узвияти он даст кашидаву ба Тоҷикистон омада, аз кардаҳои худ пушаймон шудааст, нақл мекунад. Аёмиддин Сатторов, яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ) дар видеои нимсоатае, пурра намоиш дода шуд.Бояд  қайд кунем ,ки имруз низ бадхохони кишвари мо ки берун аз ватан фаъолият мебаранд ороми ва дастоварҳои Тоҷикистонро  ва оромии кишвари моро халадор кардани ҳастан, ки ин хулосаи намоиномаро чунин баён карадан мукин аст.Имрўз Тоҷикистон кишвари созанда ва бунёбкунанда аст , симои шаҳру шаҳракҳо, дехахо корхонахои нави замонавӣ  донишкадаву донишкадахо мактабхо лисейҳо ва коллечхои гуногун ва дигар иншоотхои маданию маишӣ рўз аз рўз инкишёф ёфта истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар давоми 27 соли фаъолияти хеш тамоми имконият роҳу васила баҳри нигаҳдошти якпорчагии сарзамини маҳбубамон бо тамоми  ҳастии худ қувваю ирода ва ҷони худро барои поянда доштани оромии ҷомеа сулҳу ваҳдат равона намудааст.

Дар Паёми навбати худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 22-декабри соли 2016   бори дигар масъалаи муҳим ва асоси

будани  ҷавонон, баёндоштанд;  “Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд,       бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.» Имрўз ва ҳамеша вазифаи муққаддси устодон аз он иборат аст, ки ҷавонони имрўза бояд дониши сиёсии баланд, донистани иқтисод ва иҷтимоиёту фарханг ва хисси хештаншносии баланд дар рухияи қаҳрамонон ва фарзадони  баруманди миллат тарбия карада шаванд. Хар як дастур раҳнамои,суханхои пандухикматомўзи Пешвои миллат  Президенти кишвар Эмомалии Рахмон ва  кулли ҷавонон пайраву ба амал татбиқкунадаи хамаи ташаббусхои сулҳпарварона, ватанпарварона,созандагию обдкорӣ ва ҷасорату  матонати  сарвари давлат бошанд.Бо зиракию хушёрии худ доимо омодаи  хифзи Тоҷикистони биҳиштосо бошанд.

Р. Изатуллоев. Дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

8 + 4 =