Ҳисси зебоипарастӣ дар донишкада баланд мегардад

Имрӯз бо машварати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ деканҳои факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон ва факултети электромеханика профессор Қозиев Камолиддин дар гӯшаҳои махсуси донишкада зиёда аз 400 бех гулҳои садбаргу ороишӣ шинонида шуд. Ин гулҳо бо мақсади боз ҳам зеботару обод гардидани гӯшаҳои зебои атрофи донишкада ва ҳамзамон бедор намудани ҳисси зебоипаратсӣ дар ниҳоди донишҷӯён шинонида шуд.

Ёдовар мешавам, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз донишкадаҳои пешқадам ва соҳавӣ дар миқёсӣ ҷумҳурӣ буда, яке аз омилҳои зебоипарастиву тарбиявӣ низ дар шаҳри Бӯстон дониста мешавад.